Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Чанд эзор пӯшидӣ?» мепурсад. Ва худашро ҳам ханда мегирад. Ва ба банди дигаре ҷанг мезанад. Бибигул худро ҳимоя мекунад. Дасти Мансурро мегазад. Мансур, бештар ҷазбманду саросема шуда боз бандеро мекушояд ва мебинад, ки боз эзор ҳаст ва аз таг боз ҳам... Ҳанҷол зада ҳамаро ба якбор канданӣ мешавад: «Дастҳоят дасти хирс барин. Ист, наметавонӣ!» - илтиҷо мекунад Бибигул, «Наметавонам?!» - Мансур ба шӯр меояд. Бибигул пойҷомаашро дудаста дошта, гоҳ ҷиддӣ, гоҳ аз ҳаяҷону ханда нафасгир шуда мегӯяд: «Мансурҷон, ист, худам... Ист охир...» Ва саросема худро даруни кӯрпа мегирад ва Мансур нафаси кӯдаконаи Бибигулро ҳис мекунад, аз ҷӯшиши шавку шодӣ аз хоб бедор мешавад. Ва дарҳол сарфаҳм намеравад, ки чӣ гуна аз бағали ёри азиз ҷудо шуд? Ин биёбони торику дилгир куҷост? Андак-андак бо алам дармеёбад, ки он ҳама шодию шавку шириниҳо дар хоб будаанд. Алағдаю ноумед мешавад. Ва он манзара зуд дар назараш хира мегардад. Аммо ҷарангоси хандаҳои Бибигул дар гӯшаш мемонад. Ба фикраш меояд, ки аз афташ дар он олами пурасрор тақозои васлу висол мамнӯъ аст. Чунки дафъаи сеюм аст, ки Бибигул худро ба ихтиёраш месупорад ва Мансур болои кор шудан замон мисли ҳозира бедор мешавад. Ӯ бо дили пурозор мехезаду чойҷӯши обро, ки печонда монда буд, гирифта, дар андеша мешавад, ки ихтилол нашудааст, оё метавонад таҳорат карда намоз хонад? Вале табъаш намебардорад, ки намозаш ба ихтилол бошад. Ба ҷӯйбор, ки ҳоло обаш калон шудааст, рафта ғусл мекунад. Баъди намоз ба оҳанги ҳазин шеър замзама мекунад:

Шабат хуш бод, эй боди саҳаргоҳ,
Ки овардӣ ҳавои зулфи он моҳ.

Ҷовид аз хунукӣ бедор шуда, мисле ки аз дур бошад, овози падарро шунид. Оҳиста сарашро тоб дода, дид ки падар аз ёли асп хасҳои часпидаро ҷудо карда, дар холате, ки китфонаш меларзанд, пичирос мезанад: «Ман асп савор шуда гардаму он умеду хурсандиям дар таги хок. Эй хок бар сари чунин падар!»

Ба хотири Ҷовид суханони чор моҳ пеш гуфтаи модараш омад: «Хаёл дорад, ки аз Ҷаббор интиқом гирад, алови дилаш паст мешавад. Не, ин алов то рӯзи қиёмат устухонҳоятро месӯзонад!» Ба ҳоли падар дилаш месӯзад. Мехоҳад рафта ӯро ба оғӯш гирад. Вале падар хуш надорад, ки ғамашро дигарҳо бинанд. Падар боз чизе гуфту сарашро ба гардани асп монду лаҳзаи истод, пас пуштангро баста, аспро ҷониби ҷӯйбор бурд. Ҷовид ба атроф менигарад. Мусофироне, ки шаб ин ҷо буданд, ҳама рафтаанд. Фақат дар ду ҷой хокистари аловҳояшон мондааст. Падар аспро об дода омад ва худро хурсанд вонамуд карда гуфт:

– Дилам нашуд, ки бедорат кунаму зудтар ба роҳ бароем. – Ва пурсид: – Ҳамин ҷо чой менӯшем ё дарун дароем?

Ҷовид тоқат накарда гуфт:
– Ҳоло бедор шуда дидам, ки бо Рӯшан гап мезаҳед...
– Одам ки калонсол шуд, бо ҳар каси пешомада гап задан мегирифтааст. – Ҷониби корвонсарой равон шудаву афзуд: – Гоҳе хаёлам ба ҳавои бародарат меравад. Боз ин аспро бинам... Ё аспро фурӯшам?

пешина
аз 613
навбатӣ