Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мансур бад-бад ба сарбоз нигариста, роҳашро давом дод. Ҷовидро хоб бурда буд. Ҳарчанд кард, Ҷовид бо нолиш намехоҳам гуфта чашм накушод.

Лаҳзае ҳайрон монд ва косаи шӯрборо рост истода хӯрду дар паҳлуйи Ҷовид дароз кашид. Қарор дод, ки пеш аз субҳ хеста, намозҳои қазо ва хуфтанро мехонад. То дергоҳ хобаш набурд. Аз дохили корвонсарой як-як овози хандаи мастонаи сарбозон ба гӯш мерасад. Ҳангоми барои хӯрок рафтан мушоҳида карда буд, ки дар кати калони мобайн тахминан сӣ нафар сарбоз атрофи дастархони пурнеъмат, баъзе нишаста, баъзе рост истода, майнӯшию сухангӯй доранд. Дар гуфтугӯяшон баъзан вожаҳои туркӣ низ садо медиҳад. Саллоти калтаи шонапаҳне, ки сараш докапеч аст, рост истодаасту пиёлаи шаробро мастона чарх занондаю резонда, бо лаҳни шикастаи русӣ чунин суханҳо мегуфт. «Дастаи генерал Дутовро торумор кардем! Ҷунайдхони Хоразмиро чунон задаю ҷониби Афғонистон гурезондем, ки дигар ёди ин тарафҳо намекунад. Инро сахттар аз онҳо мезанем ва ҳам хазинаашро мегирем, ҳам ҳарамашро!» Давра хандарез шуд. Баъзеҳо чапак заданд, яке хатои ӯро ислоҳ кард. «Хазина ба русӣ клад мешавад, Полвон!» Боз садои ханда баланд шуду пас ҷомҳоро нӯшиданд. Ва садои омиронае сарбози вазъгӯйро огоҳ кард: «Полвон, сухан кардан ба ту зарар дорад. Рафта дам гир! Зуд рав!»

Мансур ба маънои гуфтаҳои сарбозҳо нав сарфаҳм рафта сари ҷоғаҳ хест. Дарёфт, ки аксари болшевик ба тасарруфи Бухоро равон аст. «Инро сахттар мезанем!» мегӯяд, амир Олимхонро дар назар дорад. Дилашро изтироб фаро гирифт. Наҳод Бухорои номдори уламопарварро аз байн бубаранд? Ва ҳамон рӯзҳои сахти ба сари самарқандию хуҷандию фарғонагиҳо овардаро ба сари инҳо низ биёранд? Таҳқиру торочу беватан кунанд? Хобаш парид ва аз ҷой хест: Ҷовид масти хоб буд, болояшро пӯшонд. Он тараф аспҳо ҳам пинак рафтаанд. То назди дарвозаи Корвонсарой омад. Бештари сарбозҳо дар ҷояшон печ хӯрда хобанд. Се - чор нафар ҳоло ҳам мастомаст гап мезананд. Ақиб гашт. Шаби тобистон ним шудааст. Аз ҷониби қибла беист шамол мевазад. Лаби ҷӯйбор нишаста, таҳорат кард. Аз куҷое овози сагҳо меояд. Дере нагузашта садои роҳгардии галаи аспҳою гап-гапи одамон баланд шуд ва дид, ки аз роҳи калон аскари болшевик убур мекунад. Ним соат зиёд аскар гузашт. Овози гапзанӣ, ҷаранг-ҷурунги узангу ва лаҷому сулук то дур мерасад. Фурсате пас боз баталионе намудор шуд. Аз пас корвони аробаҳо ва аспу астарони пурборро хушт-хушт карда мебурданд. «Ин ҳамон қӯшуни Шаҳрисабзро гирифтааст», — тахмин кард Мансур. — Бе як тир, шаҳри номдорро бо қасру қалъаю хазинааш соҳиб шуданд. Акнун азми тасарруфи Бухороро доранд. Аммо дар тасаввураш нағунчид, ки он Бухорои пур аз гунбазу қалъаю бо девори баланду мустаҳкам печондашуда чӣ гуна ба дасти ин тоифои ношуста меафтад. Бо чунин андешаҳо намози хуфтанро хонду дами субҳ ғанабаш бурд. Занашро дар хоб дид. Ҳеҷ гоҳ ӯро бо чунин зебоӣ надида буд. Чеҳрааш чун садбарги саҳари ба шабнам шуста монанд буд.

Чӣ шӯхие карда, ба завқ механдад. Мансур тез-тез рӯю мӯяшро мебӯсаду даст ба миёнаш мебарад. Ва мушоҳида мекунад, ки банди эзораш сахт аст. Бибигул бо хандаю чолокӣ зиддият нишон медиҳад, басташро медорад. Мансур ба зӯрӣ бандро кушода мебинад, ки боз банди дигар ҳаст, саросема мешавад.

пешина
аз 613
навбатӣ