Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
фаҳмиданд, ки аэропланҳо ба шаҳр бомба мепартофтаанд, ки он афтидан замон таркида хонаю дари дар атрофмаш бударо лабу лахт мекардааст. Одамонашро ҳам ба даст-дасту по-по ҷудо мекардааст.
Дар роҳи деҳа се-чор нафар деҳқонро диданд, ки ба харҳо сабзӣ бор карда, ба шаҳр мебаранд. «Саллотҳо ба деҳқонон кор надоранд», хабар доданд онҳо. Мансур аз деҳа мардеро оварда, аспҳоро ба ӯ дод ва худашон пиёда ҳамроҳи деҳқонҳо озими шаҳр шуданд. Раҳорах ба Ҷовид гуфт: ҳоло ҷое савора рафтан метарсӣ. Марде ёфта аспи Валичонро додаму гуфтам, ки дар ивазаш се ё чор моҳ аспи худамонро нигоҳубин кунад. Мард аввал, замона нохуб гуфта баҳона карду пас розӣ шуд, номаш Маҳмуд.
-
Бухоро на фақат ҷангалу даштҳои зебо дорад, Бухоро харбузаи аз ҳама ширин дорад, гӯсфанди қарокулӣ дорад, ки алҳол ба пӯсташ тамоми зану марди Русияю Урупо ошиқ шудаанд. Қади дарёи Зарафшон, ки Самарқандро гузашта, сӯйи Бухоро меравад, таҳ ба таҳ тиллост. Мошин мондаю тиллоро аз рег тоза карда мегирӣ. Бухоро хазинае дорад, ки худи амир ҳисобашро намедонад.
-
Ту аз куҷо ин ҳамаро медонӣ?
-
Аз китобу маҷаллаҳое, ки дар мо нашр мешаванд. Сад сол зиёд аст, ки донишмандони мо ин ҷо ба ҳайси сафаракию кӯҳгарду заминсанҷ тагу болои ин диёрро меомӯзанд, ба таърих, ба феълу хӯю андешаҳои мардум ошно мешаванд. Дар маҷаллаи «Военная мысль» сайёҳе ба номи Логофет Н.Д. мушоҳидаҳояшро дар асаре ба номи «Кишвари беҳуқуқ» чунин овардааст: «Ин ҷо мардум ба амир Ҷаноби Олӣ гуфта муроҷиат мекунанд. Ҳангоме ки ба хонаи қабули амир медарой, дар рӯбарӯят пардааст. Онро «девори ғуломгард» мегӯянд. Он ҷо нигоҳатро поин карда, пас ҷониби амир, ки бо муқаррабонаш нишастааст, қадам мегузорӣ. Ин корашон ба он хотир, ки ба амирашон чашм нарасад. Ягон мансабдор бе иҷозати амир духтарашро ба шавҳар намедиҳад. Амир фаҳмад, ки духтар хушрӯст, домод худаш мешавад. Касе дар ҳаққи амир ғайбат ё сухани ноҷое гӯяд, ҳукмаш чордарон аст. Мулло марди одиро дашному таҳқир кунад, ҳеҷ боке не, марди одӣ ҳаққи муллоро дашном додан надорад. Муллоро дашном додан маънии динро дашном додан аст. Ва муфтӣ фатвои сангсор карданашро мебарорад, чизу чора ва хонаю дараш подшоҳӣ мешавад».
-
Мегӯянд, ки домуллоҳои донишманд ва нотарс доранд, онҳо пеши ин аҳмақиро намегиранд?
-
Аз рӯи гуфтаҳо чунин домуллоҳо будаанду солҳои охир амирони манғит онҳоро аз корҳо маъзул кардаанд. Холо онҳоеро қозию муфтию судур мемондаанд, ки шариату тариқаташонро ба таъби амир созгор кунанд. Ва амир ҳам чунин муллоҳоро ба зери ҳимоя мегирифтааст.
-
Дар ҳақиқат Бухорои беназму беҳуқуқ будааст.
Ин гуфтугӯ байни сардори бригадаи савораи 11-ум Чернов ва сардори ротаи 15-ум Семёнов баргузор шуд. Гурӯҳи онҳо ба роҳи Бухоро баромада ҳангоми офтобшин ба наздикии деҳаи Муборак расад. Он ҷо дар паҳлӯи роҳ, дар пастие

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё