Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Дар ҷавобашон аз тарафи муқобил ҳам як тӯп сар доданд. Навкарҳо ба чор тараф гурехта пинҳон шуданд. Баъд рӯшод карданд, ки бек гурехтааст, халқи ҷамъшуда камону каландҳо дар даст ҳайрону саргум монданд. Аз байн фурсате гузашту аскари сурх «ур-а! ур-а!» карда вориди шаҳр шуд.
Ин вақт модари Валичон кафлес дар даст аз хона баромада гуфт:
– Ҳамин шаб то пагоҳ дуохонӣ кардам. Раҳматии бибиям дуое ёд дода гуфта буданд, ки ин дуоро ҳазор маротиба хонӣ, муродат ҳосил мешавад. Душман ба роҳи омадааш пас мегардад. Дуоро хонда илтиҷо кардам, ки «Эй зоти яктаю ягона, ин морсарону гургсиратони ба сари мо нишебшударо худат хушӣ ба хушӣ ба макони омадаашон баргардон.» Агар ба тиру туфанги шумоён мемондем, ҳоло ҳама мисли мардуми Китоб дар кӯҳу кӯтал дар гурезогурез будем. – Кампир ба қарс даҳони бедандонашро пӯшондаю ба таъкиди суханаш тез-тез сар мечунбонд.
– Ҳолаҷон, аз дили ман ҳам гузашт, ки дуои шабонгоҳи шумо пеши ин аскари чаррорро сангдевор кард. – Мансур бо хушнудӣ табассум кард.
– Ман ҳам ба худ гуфтам, чаро овози тири душман намебарояд? Қаҳрамонии шумо будааст-дия. – Валичон низ аз суханони модар хандааш омад ва илова кард: – Акнун ширчойатонро биёред.
Баъдтар Темур тохта ба хона даромада хабар овард:
– Саллотҳо ба қалъа даромада, ҳазина ва ҳама асбобу анҷоми бекро берун мебароранд. Он ҷо одами бисёре ҷамъ шудааст...
– Эҳ, ту зогчашм, куҷо мегардӣ?! – Шиддат кард Валичон. – Зуд ин хабарро меовардӣ, намешуд?! Ҳе, дар зоти қипҷоқат... – Валичон саросема ҷома пӯшид ва Мансурро ҳадақа кард.
– Зуд роҳ гардед! Бек молу чизи бисёр дошт!
– Моли мумсик йеми хирсу хук, мегӯянд, – гуфт Мансур раҳораҳ ва мушоҳида кард, ки Валичон ланг бошад ҳам, тез роҳ мегардад.
Соате гузашту Мансур танҳо баргашта омад. Рангаш кандаву изтиробзада менамуд. Ба Ҷовид ва кампир, ки чой менӯшиданд, эътибор надода, сӯйи аспаш равон шуд ва худ ба худ пичирос зад: «Ту он шаб чӣ кор кардӣ?! Киро корд задӣ?! Ин ғуладинг зинда... Ё сиҳат шуд? Не-е! Аз зарби он корд вай зинда намемонд!...»
Сабаби парешонии Мансур дар он буд, ки ҳангоми ба саҳни қаср даромадан дар байни сарбозони маст ва ҳаё-ҳуйдошта нохост сарбози ғуладинги дар ҳавлии Самарқанд корд задаашро зиндаю бардам дид. Ягон нишони беморӣ дар ӯ дида намешуд. Дигар қудрати пеш рафтан накард, худро дар паноҳи одамон гирифт, ҳатто ба Валичон гап назада, ба хона омад. Ҳоло аз худ мепурсид, ки чӣ гуна ин ғуладинг зинда мондааст? Модом ки корд то даста ба камараш даромаду хун фаввора мезад. Ҳатто ҳангоме ки ақиб гашт, ду-се дафъа овози хир-хирашро шунид. Шояд дигар касро зада буд? Не-е, охир бо ҳамон зан бӯсу канор карда меомаданд.
Баъдтар Валичон чанд хабар овард.
– Мансурбой, додарам, ҳоло дуямон човандозӣ меравем. Чунон бузкашӣ кунем, ки уруса даҳонаш воз монад. Ту агар боз каме меистодӣ, ҳам зиёфат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё