Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Чаро дилкаф мешудаед? Ҳадиси ҳазрати Расулуллоҳ ҳаст: «Касе дар роҳи ҳифзи ватан шаҳид шавад, дар ҷаннат ҷойгоҳи баланд мегирад».
– Ту агар ошноям бошӣ, мон ҳамин гапҳоро. Ҳамин ҷоям ҳам хуб аст.
Саргардониро нағз намебинам.
– Хайр, шумо наравед. Ман бо аспи шумо ба ҷанг медароям. Аспи мурдадасташ мех хӯрд. – Мансур пораи нони ширмолро ба даҳон карда аз болояш тез-тез чой нушид.
– Бачабек шумоёнро сур кунад, туро аз куҷо меёбам? Буду шудам ҳамин асп. – Валиҷон ҳам шуда ба даҳони мусоҳибаш нигарист.
– Майлаш, бо аспи худам ҷанг мекунам, лекин фардо аспатонро медиҳед, ки ману Ҷовид то Бухоро равем. – Мансур ҳамчунон сархам чой менӯшад.
– О, ба ту ҳамин ҷанг зарур? – Валиҷон ба ситез пушташро ба девор монда, пойи маъюбашро дароз кард. – Хез, бе дарди сар ба роҳат рафтан гир. Аспро мебарию маро бе даступо мекунӣ.
– Гуфтам-ку баъди як ҳафта бармегардам. – Мансур ҳам ситезманд мешавад.
– Мансурҷон, пагоҳ шавад, маслиҳат мекунем.
Ҷовид дигар ба баҳси калонҳо эътибор надода, пӯстакро гирифта ба гӯшае рафта хоб кард ва то дергоҳ овози кампир, ки болои ҷойи намоз нишаста дуо мехонд, ба гӯшаш мерасид. «Ҳасбуналлоҳ ва ниъмал вакил, ниъмал мавло ва ниъманнасир. Ҳасбуналлоҳ ва ниъмал вакил, ниъмал мавло ва ниъманнасир.
Ҳасбуналлоҳ....
– Мансурбой, дирӯза суханатон ҳақ баромад. Акрамхон тӯра шаб каме тиллоҳо ва ҳарамашро бардошта, як қисм навкарҳоро ҳамроҳ гирифта, гурехтааст.
Валиҷон пагоҳӣ бо оҳанге, ки шодиёна мегирад, чунин хабар овард. – Мардуми саҳарӣ ба нияти ғазавот дар назди дарвозаи Чармгарон ҷамъ омаданд. Гурехтани бекро фаҳмида, тарбуз аз багалашон афтид.
– Аз дасти ин алайҳилаънаҳо дигар чӣ ҳам меояд? – Ба дили Мансур тарсу афтод. Акнун роҳҳо ва гирду атроф хатарнок мешавад. Маҷбуранд, ки то ба як тараф шудани ин хатарҳо дар ин ҷо тоқат кунанд.
– Дафъ шудагии вай хуб шуд, – гуфт Валиҷон, – понздаҳ-бист сол аст, ки бузу бобоҳояш ин ҷо нону намак хӯрда, духтарҳои зеборо ба ҳарамашон оварда, чизу мол ҷамъ карданду ободонии кардаашон ҳамон масҷиди нимбуди Саройи Пул. Бекҳои Қаршӣ бошанд, дар бадали панҷоҳ соли бекиашон дар болои зарӯи Қашқа як пул сохтанд. Лекин ҳамаи андозҳорона як ба як мегирифтанд.
– Касе нашуд, ки мардуми ҷамъомадаро сарварӣ карда, ба ҷанг ҳидоят кунад? – пурсид Мансур.
– Бек набошад, дигар кӣ киро гӯш мекунад? – гуфт Валиҷон. – Мардум ҷамъ омада, хуб ҳайбата бардоштанд. Баъзеҳо дилашонро кафонданд: «Бек то хона мегуфт, ки ҳақ надоред бе фармони ман об гарм кунед!» Акнун дар ин рӯзе, ки душман ба дастааст, пеш дарояд! «Ҳозир меояд! Ҳозир меояд!» – мегуфтанд одамонаш ва дар ин миён навкарҳои назди дарвоза як бор аз тӯп паронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё