Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Агар моли ҳалол бошад, монед, истад. Агар шубҳанок бошад, фарз кардем...— гуфт Мансур ва хандаашро базӯр дошта наздик рафта як тарафи сандукро бардошт. Ба хотираш омад, ки ҳамингуна сандуқеро худаш ҳам ҳангоми даромадани русҳо пинҳон карда буд. Акнун ин корро аксари мардум мекунанд.
– Мансурҷон, ту гуфтанӣ, ки агар аз пули гӯсфандҳои ту бошад, насиб намекунад. Не, Мансурҷон, ин ҷо ҳамааш аз пули ҳалол, — Валиҷон бандҳои бедаро болои сандук чида ва тез-тез нафас кашида, ба шиддат илова кард: — Авлоду асҳоби бачабека... Зани бачабека... Як ҳасамро ба ин модарбаҳатоҳо намедиҳам! — Ва раҳораҳ миёнбандашро кушода арақи сару рӯяшро пок кард.
Дертар шаҳр рафта хабари тоза овард:
– Беки мо, Акрамхон тӯра, худаш назди издиҳом набаромад. Лекин ба ҳафт мазор рафта, калон-калон назр дода, дуои фотиҳа карда омадааст.
– Рӯбоҳ то дар таги чоҳ аст, карбос хайр мекунад дар ҳаққи бекҳои шумо. — Мансур ба тамасхур ба рафиқаш зеҳн монд.
– Яке аз одамонаш ба саҳни масҷид баромада хабар дод, ки пагоҳӣ ҳама ба ғазавот бароянд. Касе камон надорад, аз оҳангар шамшер гирад. — Дар чеҳраи Валиҷон ҳоло он бепарвоии пештара дида намешавад. Беқарор аст. Тарсидааст.
– Яқин, беки шумо ҳам мисли беки Қаршӣ мегурезад, — гуфт Мансур. — Вагарна боре назди халқ мебаромад, ҳамраҳӣ буданашро намоиш медод. Ғазавотталабҳоро ёрӣ дода, ба ҷанг дилгарм мекард.
– Мансурҷон, ҷони гапро гуфтӣ. Ту ки ҷаҳондида ҳастӣ, бисёр медонӣ. — Валиҷон ба модараш шунавонда илова кард:
– Модари мо то аскари бачабек ин ҷост, намоз мехонанд. Ба хотирашон намемерасад, ки ба меҳмонҳо хӯрок додан ҳам фарз аст.
– Хӯрок тайёр, — гуфт кампир ва саросема ҷониби ошхона рафт.
Мансур фикри ба сараш омадаро гуфт:
– Ё шояд болшевикҳо аллакай бекро таҳдиду таъкид кардаанд: «Хапу дам баромада раву мардумро беҳуда зери тир намон! Мисли бобоят, ки дар ҷангҳои Ҷиззаҳу Самарқанд мардумро сарсону худро шарманда карда буд.»
– Инҳо он қадар чиз ҷамъ кардаанд, ки хазинаҳо пури заҳри закум шуда рафтааст. Дилашон мешавад, ки ин боигарию қасру кӯшкро партофта раванд?
– Ин тойфа, ҷонаш тангӣ кунад, ба рӯйи модараш по монда мегурезад.
– Суханҳоят маро безобита кард,- Валиҷон миёнбандашро кушода тани сергушташро шамол дод. -Мабодо пагоҳ дар қасри ҳоким толон шурӯъ шавад, мо ҳам рафта ҳаққамонро гирифта метавонем?
– Саросема нашавед,- Мансурро ханда гирифт.-Аз он хазина ба шумо чизе намемерасад. «Оби ганда- ба ҳандақ»- гуфтаанд.
– Мабодо ба ман чаққа намешаванд?-пурсид Валиҷон.-Асп дорию ароба дорӣ гуфта, душман намекунанд?
– Пагоҳ маълум мешавад,-Мансурро нигоҳ ҷониби аспи Валиҷон рафт.-Тайёр шавед, пагоҳ дуямон ба ҷанги болшевик мебароем.
– Ту маро дилкаф накун-дия!-Валиҷон теғ кашида ба ошнояш нигарист.-Мансурҷон, ҷанг куҷою ман куҷо? Русро аз дур бинам, гӯсфанди обсар барин сарчархам мегирад, чӣ расад ба ҷангаш?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё