Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳавлию саҳни масҷид ва роҳравҳо мардуми бисёре ҷамъ омадаанд. Як гурӯҳ саркардаҳои хушлибос дар баландии саҳн қарор доранд. Аз ҳар тараф овозҳо меоянд «Ғазавот мекунем! Ҷиҳод мекунем! Намемонем, ки душман ба шаҳр дарояд!» Аз байни саркардаҳо марди лоғарандоми саллакалоне баромада ба зарба гуфт:

– Мардуми олам моро чӣ мегӯянд?! Ҳамшаҳриҳои Амир Темури соҳибқирон шаҳрашонро бе ҷанг додаанд, мегӯянд. Амир Темуре, ки ними ҷаҳонро ба зону шинонда буд. Аз овозаи омад-омадаш ин тотору нуғайрусе, ки имрӯз ба ҳазор дамдама ба дари мо омадаанд, эзорашонро тар мекарданд! Имрӯз ин бефарру берӯйҳо багайрат шудаанду шаҳрҳои моро мегирифтаанд! Лекин мо намегузорем, ки пойи наҳсу наҷаси онҳо ба диёри муқаддаси мо расад!...

– Ин одам қозӣ, – гуфт Темур. – Солҳои пеш ҳам дар Қаршӣ қозӣ будааст. Дар Бухоро ҳамроҳи амир мегаштааст. Шеър ҳам мегӯяд.

Ғалогула шуд, сухани қозӣ мардумро рӯҳбаланд кард, одамон дар саҳн зиёд шудаю Темуру Ҷовидро тела карда, ба канор бароварданд. Дар он лаҳза суханҳои тоҷикию узбакӣ баробар садо медоданд.

– Касе шамшер надорад, ба дари оҳангар равад!

– Ҳама эркак хотунлар белларини боғсун!

– Рӯҳихат мекунем!

– Нимага бек келмади? Уни об келинг!

Намози аср наздик мешаваду одамон камраванд. Дар чеҳраи онҳо қатъият аён аст. Аммо баъди паҳн шудани овозаи «русҳо тӯпҳояшонро дар баландии Дашти Ҷавпаз насб кардаанд», шаҳре, ки дег барин меҷӯшид, мисле ки оби хунук рехта бошанд, хомӯш шуд. Мансур дасти Ҷовидро гирифта хона омад. Наъли пои аспоро, ки суст шудааст, мех зад ва гуфт:

– Аз беруни бало даруни бало будан беҳтар. Акнун то яктарафа шудани ин кор сабр мекунем: – Наъли пои дигарро ҳам даст карда сахт буданашро дида илова кард: – Аз ин ошнои мо дигар гӯсфанд рӯёндан мушкил. Аз суханаш маълум.

– Оҳиста сухан кунед,-Ҷовид ба кампир, ки дар гӯшаи ҳавлӣ намоз мехонд, ишора кард.

– Кампир корҳои ҳарому ҳалоли писарашро хуб медонад,-гуфт Мансур ва ҷомаро гирифта ба лаби ҷӯйбори паси хона гузашт. Таҳорат мекарду ба сараш фикрҳое омад, ки аз онҳо ба дилаш тарс афтод. «Аз дасташ хонаҳояшро, зану фарзандашро, пулеро, ки дар бонк дошт, кашида гирифтанд. Акнун моле, ки дар ин диёр дар дасти Валиҷон дошт, онро ҳам рабуданд. Гӯё ӯ мурдаю ҳама чизашро тарака доранд. Фақат Ҷовид монд. Кошки ба ӯ газанде нарасад. Эй Пок, зоти Мансуриёнро аз заминат гум макун». Назди аспи Валиҷон ки дар сутуни кахдон бастааст, рафт, гарданашро молид ва аз Темур, ки дар пушт як банд юнучқай тар меомад, пурсид;

– Тобистон аспро ба чарогоҳ сар дода буданду?

– Ду ҳафта шуд, ки аз чарогоҳ овардем.

Ин дам Валиҷон саросема аз кӯча омада, сандуқеро аз хона кашола карда берун баровард.

– Таги алафҳо монем, аз чашм дур бошад, беҳтар,- гуфт.

пешина
аз 613
навбатӣ