Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Баҳона меёбад!» Аз дил гузаронд Мансур ва гуфт:- Ҳозир гуфтед, ки ҳамааш ҷобаҷо...

– Мансурҷон, ту аз кай боз ба ман бовар намекунӣ? – Валиҷон нони гарми овардаи модарашро шикаст, -ману ту шиноси якрӯза не!- ва ҷониби Ҷовид табассум кард.-Ту нони гир, чияни тағо. Ману падарат даҳсол боз шиносем. Дар баробари шиносии мо даҳ гӯсфанду сад гӯсфанд арзиш надорад; дар шоҳидии падарат ба ту мегӯям.

– Ман ҳам дар шоҳидии ту мегӯям!-Мансур бо ханда ҷониби писараш нигарист.-Аз ду ки зиёд шуд, арзиш дорад.- Ӯзбекҳо мегӯянд: «молим чикдӣ, ҷоним чикдӣ», ки як китоба гап.

Ин вақт писараки газгӯшти ҳамсоли Ҷовид, ки куртаи бенури китфонаш дарида дошт, ба хона даромаду Валиҷон писаракро ёрҷанг гирифт.

– Темур! Ҳе Темур нашуда бало шав! Дар хона меҳмону ту дар кадом гӯр мегардӣ, зогчашм?! Ҳе, дар зоти қипҷоқат... -Дашноми обдоре доду ҷониби Мансур нигарист...- Медонед-а? Ин хурдиамон, модараш қипҷоқӣ.

– Дар боғи назди дарвозаи шаҳр навкарҳои бек ҷамъ меоянд,- хабар дод Темур.-Ҳоло аскари урус ҳам меомадаасту ин ҷо ҷанг мешудааст!

– Кӣ мегӯяд?-пурсид Валиҷон.

– Одамон мегӯянд. Ҳамроҳи ҷӯраҳоям боғ рафтем. Он ҷо одамон ҷамъанд.

– Ҷанг шавад, ҳоли мо чӣ мешавад?- Валиҷон ҷониби Мансур нигарист.

– Ба шумо ҳеҷ чиз намешавад. Урус-болшевикҳо бойҳоро хуш надоранд.

– Ҳамту гӯй, Мансурҷон, дилама кушо.

Аз байн се-чор дақиқа гузашту садои «Бо-ом!!Бо-м-и!»-и парондани тӯп ва аз паси он садои тоҳту този аспҳо ва ҳою ҳӯй баланд шуд.

– Оқибат инҳо ягон балоро сар мекунанд,- Валиҷон безобита шуда хест ва ҳарду ҷониби масҷиди Сари Пул, ки он ҷо мардум ҷамъ омада буданд, равон шуданд. Валиҷон писараш Темурро таъкид кард:

– Назди ҷӯраат шин. Аз хона берун қадам намон, ки кӯчаҳо пури урус аст. Баҷаро бинанд, ҷо ба ҷо мепаронанд.

Кампир омада дуртар аз дастархон ҷой гирифт. Яқин дастархонро ҳифз мекард, ки Темур ба он нарасад. Темур бошад, бепарво ҷониби Ҷовид чашмак зада гуфт:

– Ҳоло падарам дуртар раванд, мо ҳам меравем. Аскари урусро тамошо мекунем. Вай тоқии фарсудаашро дар оби чӯе, ки аз поёни ҳавлӣ мегузашт, тар карда пӯшид.

Ҷовид ҳам ҳаваси тамошои аскар дорад. Шояд Александр Черновро мебинад. Вай бояд Ҷовидро дар хотир дошта бошад.

– Падарат гуфт, ки аз хона берун набаро. – Кампир безобитагии набераашро дида, ӯро шиддат кард.

Темур ба қаҳр ҷониби кампир нигарист, пас чанг зада аз болои дастархон ду ҳалвои собуншаклро гирифта, якеро ба зӯрӣ ба ҷайби Ҷовид андохт ва ҳарду ба ҳой-ҳойи кампир эътибор надода, давида ба кӯчаҳои пурҷанги қачмақаҷ баромаданд.

пешина
аз 613
навбатӣ