Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамроҳ гирифта, як рӯза роҳ пешвоз мераванд. Фойтуни амир, ки намоён мешавад, Акрам худро аз асп партофта, шиками дамидаю риши сафедашро ба замин молида чорпо роҳ меравад. Ба ғайр аз як домуллое, ки дар Бухоро хондааст, дигар ҳама ба чунин аҳволи шарманда пеш мераванд. Мисле ки тӯдаи гургон ба замин паҳн шуда, ба сайд наздик мешаванд. То амир аз файтун фаромадаю омада даст ба китфи бек гузошта, «Акрамбой, ман розӣ, акнун хезед» — гуфтан.
Ҳамчунон меистанд. Пас ҳама мехезанд, дастонашро бӯсида, дар риқобаш то назди дарвозаи шаҳр меоянд. Ин ҷо барои пешвоз халқи бисёреро баровардаанд.
Аввал панҷто мард ба навбат ба таърифу тавсифу шеъргӯӣ шурӯъ карданд. «Тӯ офтоби тобонӣ! Ту осмонӣ мой! Ту Темури замонӣ!» Ба Амир Олим, мисле ки пушти ҳарро хору мол кунӣ, мефорад ва ҳамчунон бо ҳаловату қаноатмандӣ гӯш карда меистад. Баъди он ҳой-ҳой кардаю ба болои фойтунаш тиллою тангапоширо шурӯъ карданд. Одамон барои тилло лабу гӯши ҳамдигарро мекашанту мегазанд, гиребонканию каллазанӣ мекунанд, рӯ-рӯйи замин мекашанд. Амир аз тамошои онҳо шикамашро дошта қаҳқосазон механдад. Ҳар замон ишора мекард, ки «тиллоро чошед! Чошидан гиред!» Худаш ба чапу рост тоб хӯрда аз ханда шикамашро медошт.
— Хабари қалъаро сӯзондану гурехтани бекро кӣ овард? — пурсид Мансур.
— Дар Қаршӣ ҷавонони мо кор мекунанд: ду нафар дар қалъаи бек ба ҳайси посбон хизмат мекарданд. Аввал ҳамонҳо хабар оварданд, ки саллотҳо касеро, ки дар қалъа ёфтанд, аз дами шамшер мегузарониданд. Пас бозорнишинҳо омадаю хабар оварданд, ки аскари болшевик қалъа ва бозорро сӯзонд.
Мансур дасташро ба китфи Ҷовид ниҳод:
— Ҳоло хӯрок хӯрем, пас хоб меравӣ.
Валиҷон саросема хеста, хӯрок оварданӣ шуд, ки Мансур гуфт:
— Шинед, аввал маслиҳат кунем: гӯсфандҳоро фурӯхтед? Пул лозим шуд.
— Пул?.. — Валиҷон рангаш дигар шуду бо овози гирифта гуфт:
— Мансурҷон, бист гӯсфанд фурӯхтам. Дигар ҳамаш дар як рамаи шинос ҷо ба ҷо истодаанд.
Мансур дар оҳанги сухани Валиҷон лағзиш ҳис карда, ба истеҳзо гуфт:
— Валиҷон, рӯзи аввал пурсидам, ки сад гӯсфандро фурӯхтан метавонед?
Гуфтед, ки дар ин ҷойҳо саду дусад ин қадар моли зиёд нест. Як нафар ҳамашро мегирад. Қариб ду моҳ гузашту мегӯед, ки бистто фурӯхтам.
— Мансурҷон, худат медонӣ, ки пеш шароит дигар буд, — Валиҷон ду тарафи ришашро сахт-сахт молид: — Дар ҷойҳои мо ин бачабеки (болшевик) хонасӯхта набуд. Ҳоло мардум мол яктараф, хонаю дарашонро партофта мегурезанд. Дар Китоб чӣ воқеа рӯй дод, худат дидӣ! Хонаҳоро партофта ба кӯҳҳо гурехтанд.
— Валиҷон, гапи бисёр — як хара бор! Сухани кӯтоҳаш ҳамин, ки ин ҷо харидор набошад, пагоҳ молро ҷудо мекунем, бурда дар бозори Самарқанд мефурӯшам.
— Ҳоло он молро ба зудӣ меёбем? Мегӯянд, чӯпонҳо аз тарси бачабек молашонро ба кӯҳҳои баланд ҳай карда бурдаанд, — Валиҷон сурх шудаю ба рӯи мусоҳибаш нигарист: — Ҳаргуна овозаҳо ҳам шуданд. Гӯё ки одамони ношинос як қисми молро зада гирифтаанд.

пешина
аз 613
навбатӣ