Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

сол - ним сол мегардаму меоям. То он вақт ягон дигаргунӣ мешудагист». Пеш аз субҳ ӯ деҳаро тарк кард.

Мансур ҳанӯз дар роҳ, дар чойхонаи танаи ағба фаҳмид, ки қӯшуни рус Қарширо тассаруф карда, қалъаи бекнишинро сӯзондааст. Ин хабарро сафарақиҳои аз рӯбарӯ омада гуфтанд. Ӯ Ҷовидро, ки аз кӯфти роҳ монда шуда, болои рег хоб карданӣ аст, саросема кард: «Баҷаҷон, хез ки болшевикҳо Қарширо соҳиб шудаанд».

Онҳо наздики аср ба Шаҳрисабз даромаданд. Модари Валиҷон, кампири сиёҳандоми қадбаланд ва асобадаст, онҳоро пешвоз гирифт. Мансуру Валиҷон ошноҳои деринаанд. Ҳар гоҳ, ки Мансур ба чарогоҳ молашро хабаргирӣ биёяд, дар хонаи Валиҷон хоб мекунад. Валиҷон шаҳр равад, ҷойи истиқоматаш хонаи Мансур. Дере нагузашта Валиҷон омад. Ба риши барвақт сафедиовардааш даст бурда, воқеаи Қарширо нақл кард.

Беки Қаршӣ Усмонбий-аталиқ ҳудуди шашсад нафар аскар доштаасту як лаҳза пойдорӣ накардааст. Аз байни аскари рус ҷавони қазоқ, ки падараш дар Бухоро хонда будааст, як рӯз пеш хабар мефиристад, ки аскари рус бо қувваи калон мераваду тайёрии ҷангро бин. Беки мангит тайёрӣ мебинад. Саллаю ҷома мекунад, муфтию қозию дигар калонҳоро ҷамъ кардаю ҳамроҳ мегирад. Ба ҳафт мазору чор масҷиди шаҳр рафтаю калон-калон назр мекунанд ва дуо мегиранд, то ки рӯҳашон мадад кунаду мардуми шаҳр аз балоҳои заминию осмонӣ эмин монанд. Дар наздикии қабристон корвонсарои кӯҳна ҳаст. Он ҷо ғарибону дарвешон хобу хез мекунанд. Ба он ҷо ҳам нону об ва як кутан гӯсфанд бурда ба дасти худ дода, хуб дуо мегирад.

  • Дар каллаи инҳо аз ин зиёд чизе намеояд, - тамасхур кард Мансур ва пурсид: - мардум чӣ мегӯянд?

  • Дарҳол овоза меравад, ки бек ба мазорҳо калон-калон назр кардааст.
    Баъзеҳо изҳори ризоят мекунанд, баъзе мегӯянд, ки акнун мазор ба хотираш расид?

  • Себ аз себ дур намеафтад, гуфтагӣ барин, халқ ҳам ҳамон фикри беку муллояшро дорад.

  • Ҳоло давомашро гӯш кунед: бек пагоҳӣ аскаро ба ҷанг фиристода, ман аз оқиб меоям мегӯяд ва либоси деҳқонӣ пӯшида, ноаён аз дари ақиб баромада мегурезад. Шабона аз хазина як қисми тилло ва дигар чизҳои лозимиро гирифта, ҳамроҳи зану фарзанду навкарҳои наздикаш фиристода будааст.

  • Хато накунам, Усмон амакбачаи амир аст?

  • Бале, амакбача мешавад. Беки Ғузор ҳам хешаш аст. Беки мо амаки рӯбарӯ:
    ин музофотҳо ҳама дар дасти элу авлоди носерамаш.

  • Аввал элу авлод мегурезад. Бегона андеша мекунад.

  • Рост мегӯяд, - гуфт Валиҷон ва ба суханаш идома дод: - Ду сол пеш амир
    Олимхон дар гармои тобистон ба ин ҷо дамгирӣ омад. Ин Акрам-тӯраи мо чунон
    хушомаду чоплусӣ кард, ки ҳоло ҳам мардум гуфта механданд. Аъламу уламоро

пешина
аз 613
навбатӣ