Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Лашу-луши рӯзгор, хезумашон дар ҳаминҷост. Дар як гӯша пӯсти ошдодаи гову буз болои ҳам хобанд. Инҳо пӯстҳои дар се соли охир ҷамъкардаанд. Соате пас аз рафтани бачаҳо мушҳо ба давут оз даромаданд. Онҳо Нуралиро дар паси хамба, болои курпача дарозкашида дида, баъзан сари по хеста дастҳо поёнсуна овезон, мижа назада ба ӯ зеҳн мемонданд. Гӯё ҳайрон мешуданд, ки ин одами ба бошишгоҳи онҳо омадаю баҳузур дарозкашида кист? Нуралӣ аз таҳхонаи торик, ки бӯи магор, бӯи муш ва кимчиҳое мекунад, нафраташ омада. Он ҷо ҳатто хобат намеояд. Не, ин ҷо ҷойи ӯ нест...
Бегоҳӣ ба «хӯрокатона ҳамин ҷо меорам» гуфтани занаш эътибор надода, ба ҳавлӣ баромада ба давраи фарзандон нишаст. Ба духтаронаш Моҳрухсор, Хосият, келинаш Саодат ва Анвар ҳаргуна шӯхиҳо кард.
-
Гандуми дар ҳафт рӯз дарваидатона шаб дидам, ман вайро дар як рӯз медаравам, - гуфт.
-
Ҳамин девкориатон буд, ки давлати Шӯро дар рӯйхати бойҳо ҳамроҳатон кард. - Анвар ҳам бо падар шӯхӣ кард.
-
Имшаб рафта дараваш кунам? - Нуралӣ аз рӯи писар чашм намеканад.
-
Остони писарамакатон омаданатона фаҳмида, ҳамон лаҳза милиса меорад.
-
Рост мегӯӣ, душмани саҳтам ҳавай аст. Ба ту чи гуна муносибат мекунад?
-
Мо сояи ҳамдигарро дар девор метарошем.
Нуралӣ духтари хурдаш Хосияти нуҳсоларо ба паҳлӯяш шинондаю сарашро бӯсида пурсид:
- Туро азоб намедиҳанд? Ҳамзамон аз дилаш гузашт, ки осори ошуфтагӣ дар нигоҳи кӯдак аён аст. Ӯ медонад, ки деҳа дар ҳақи падарашон бадгӯӣ мекунанд. Медонад, ки падараш аз тарс гуреза аст. Наметавонад, ки ҳамроҳи онҳо дар хона бошад.
Хосият ба апааш менигарад. «Ту азоб медиҳӣ» мегуфт нигоҳаш.
- Ман акнун дар хона ҳастам, туро касе озор намедиҳад, - гуфт Нуралӣ ва ҳамоно пай бурд, ки ба гуфтани ин сухан ҳақ надорад, аламаш омад.
Гулрӯ ба шавҳараш зеҳн монда фикр кард, ки Нуралӣ дар рӯ шӯхӣ мекунаду ботинаш лабрези андуҳу ғуса аст. Вай ба он феъли беқарораш, дар таҳхона истодан наметавонад. Дар хона ҳам наметавонад. Ӯ меравад. Ва ин бори рӯзгор боз ба сари вайу Анвар мемонад. Ӯ бо дили пурозор ба суҳбат ҳамроҳ шуд.
-
Номи ҳамон Остони хешатона нагиред. Бо бачу качаш саркутаи бачаҳома хӯрда калон шуду акнун дар кӯча бинад, рӯша мегардонад. Илоҳо сару миёнаш шиканад.
-
Дар ҷабини Нуралӣ чинҳо ҷамъ шуданду сухан накард.
Дар масъалаи чизу чораи гумшудаи каҳдон Анвар гуфт, ки аввали баҳор замина хабаргирӣ рафтам, ки куфла шикаста, ҳамаро бурдаанд.
-
Нуралӣ писарашро маломат накард, ки аз онҳо бехабар мондааст, балки дилбардорӣ кард:
-
Он чизҳо садкаи сар, худамон тинч монем, давлати калон, - гуфту даст афшонд.
Андешаҳои Гулрӯ рост баромаданд. Нуралӣ баъди ду рӯз шабона занашро бедор карда хабар дод, ки меравад. «Аз ман хавотир нашавед, - гуфт, - як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё