Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Аз рӯйи овозаҳо баъди ду моҳи гурехтанаш боре омада рафтааст. Гӯё зани хурдиаш Шамсияро ҳамроҳаш бурдани шудааст, ки зан қатъӣ «намеравам» гуфтааст. Як моҳ пештар занака Обид никоҳ карда гирифт.
– Чӣ хел никоҳ мекунад, шавҳараш зинда.
– Домуллоназар гуфтанд, ки шавҳари зан зинда. Ҳатто хабаре ҳам наомадааст. Аз ин рӯ ҳаққи гирифтани занро надорӣ.
Обид гуфтааст, ки Мавлон ҳақ ёфту пулу мол дода, номзади маро гирифт. Имрӯз, ки вай гуму нест шудааст, номзадама гардонда мегирам!
– Кадом мулло никоҳ кард?
– Тӯйчии ҳамакора никоҳ кард. Дар вақташ маҷбӯрӣ ба хонаи бой оварданд гуфта фатво додааст.
– Зан чӣ гуфтааст?
– Зан тарафдори Обид. Ман он ришакии фартутро ба худам роҳ намедодам, гуфтааст.

Дар вақташ Мавлонбой кори хуб накард-куя, — гуфт Нуралӣ. — Ба рӯи Обид, ки по монд акнун ҷавобашро мекашад.
– Обид қасдонаи Мавлонбой ин корро кард. Вагарна духтар бисёр буд, — гуфт зан. Дар ҳамон рӯзи дородори шумоҳон ин ҳам худашро тарафи урус гирифтаю барои доштани Мавлонбой меравад, ки вай гурехтааст. Ҳамон шаб ҳамаи хонаҳо, оғилҳоро мекобад, рӯзона баромада авулҳоро хабар мегирад.
– Дар ҳамон соле, ки Мавлонбой духтарро гирифт, Обид дар шаҳр мардикорӣ мекард, — гуфт Нуралӣ. – Фаҳмида омада дар намози ҷумъа гиребони Мавлонбойро гирифта гуфт: «Ту аз бой буданат маст шуда номзади одамонро мегирӣ?!» Хешони Мавлон тӯда шуда ба сараш ҳуҷум карданд. Аз ин тараф авлоди Обид ҷамъ шуд. Қариб дутарафа шуда занозанӣ мекарданд.
– Шамсия ба Обид духтари амма мешавад. Ҳамдигарро нағз медиданд. Гӯрсӯхтаи падараш, Раҷаб, як аспу пулу мол гирифта духтарро дод.
– Аспи додаи Мавлонбой аспи номӣ буд. Раҷаб, ки кам-кам човандозӣ мекард, аспро дида дилаш рафт.
– Аз он асп фоида надид. Вақте ки урус даромада буд, кадоме хабар медиҳад, ки Раҷаб аспи хуб дорад. Аспро гирифтанд.
– Мавлонбой аз духтар фарзанд дорад?
– Не-е, гуфтам-ку духтар гуфтааст, ки роҳаш намедодам.
– Ҳоло Обид чӣ корбаргар?
– Вай ҳам дар қатори фаъолон. Мегӯянд, ки аъзои фирқа шав будааст.
– Ин хел бошад, Мавлонбой дигар ба ин ҷо қадам монда наметавонад.
Пагоҳӣ аҳли оила барвақттар ҷамъ омадаю чой нӯшиданд. Аз хешон фақат Мирзошарифро аз омадани Нуралӣ огоҳ карданд. Мирзошариф Нуралиро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Чӣ хуб кардед, ки ба роҳи кӯҳ омадед. Дар роҳҳо дидбон мондагианд». Сипас маслиҳат дод, ки Нуралиро ба хонааш бурда пинҳон мекунад.
– Ку, ду-се рӯз ин ҷо истам, пас маслиҳат мекунем, — гуфт Нуралӣ. Ӯро дар таҳхона ҷой карда аз болояш дарро қулф карданд, дарвозаи ҳавлиро занҷир карда, ҳама ба кор рафтанд. Таҳхона калон аст. Аз он тараф гурбадав дорад.

пешина
аз 613
навбатӣ