Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ки чашмонаш одат кунанд, дид, ки бандҳои беда як тараф партофтаю чизҳои ин ҷо овардааш осоре нест. Ду ҳафта пеш аз омад-омади урус дар сандуқ либосворӣ, либосу анҷомҳои занона ва ҷомаю саллаҳои қимат ва чанд гилему намадҳои навро ҳамроҳи Анвар ва сайёҳаш Рӯзибойи мӯйсафед шабон оварда ин ҷо пинҳон карда буданд. Он либосворию он ҷомаҳоро аз бозорҳои Самарқанд ба чӣ орзуҳо гирифта буд. Маълум мешавад, ки ҳамаро бурдаанд.
Хайр, ҳоло замонаи дуздию тороҷгарӣ шуд. Ҳоло ҷонат азиз... Ӯ аз каҳдон баромада дарро пӯшиду роҳи деҳаро пеш гирифт. Ба канори деҳа омад. Деҳа ғарқи хоб аст. Ба ғайр аз овози шар-шараи паси хонаи Олимбой дигар садое шунида намешавад. Равшании чароғе ҳам нест. Хира-хира боми хонаашро, ки аз дигар хонаҳо баланд аст, дид ва дилаш шуввӣ карда рафт. Шаш моҳ шуд, ки хонаашро надидааст. Ӯ медонист, ки дар шабҳои гарми тобистон бештар мардум дар болои бомҳо хоб мекунанд. Бо роҳе, ки аз паҳлӯи масҷид мегузашт, наздик ҳам бошад нарафт. Масҷид мудом одам дорад! Ба канори гузари Таги Санг гузашта, байни хонаҳоро тоб хӯрда, аз паси ҳавлиаш деворро дошта фӯромад. Аҳли аёлаш рӯи ҳавлӣ хобанд. Занашу ҳарду духтараш дар пеш, Анвару завҷааш он тарафтар назди дари хона хоб рафтаанд. Пештар рафт, ки занаш сари зону хеста ба таҳлука «Ту кӣ?» гуфт.
– Гулрӯ, ман, натарс, – оҳиста овоз дод Нуралӣ.
– Шумо омадед! – Гулрӯ парида аз ҷой хест. – Дар овозаш ҳам хурсандӣ, ҳам тарс садо медод.
Нуралӣ ҳамон шаб аз суҳбати зан, аз воқеаҳои дар деҳа рӯйдода ва гирумони мардум огоҳ шуд ва дарёфт, ки ин ҷо зиёд истода наметавонад. Занаш гуфт, ки як сиёҳи бадрӯро аз кадом деҳаи болооб оварда, муаллим мондаанд ҳама кор дар дасти ҳавай. Як махлуқи бетӯтурӯк. Ҳар ҳафта омада «шавҳарат наомадааст»? гуфта хонаҳоро мекобад. Баъзан шабота бо фонус омада, охури молҳоро хабар мегирад. Холи қатрон дар ҳама маҷлисҳояш мардума огоҳ мекунад: «Давлати Шӯро Нуралию Мавлонбойи гурезаро, хоҳ дар қаҳри заминанд ё фарози осмон, меёбад! Намимонад, ки душман дар ин ватан гардад.»
– Меёбад,-Нуралӣ розӣ шуд.-Ҳамаи шаҳру деҳот дар дасташон.
– Аз ҳама аламовараш ин ки бештари одамони деҳа ҷонибдори ҳамон қатрон. Гӯй дар ҳақиқат мо ба онҳо душманӣ кардаем.
– Кори ин олам ба чунин тартиб будааст, ба лаби ҷарӣ ки рафтӣ, телаат медиҳанд, – Нуралӣ синчакрона ба занаш нигариста пурсид: -Боз чӣ гапу хабарҳо?
– Як моҳ зиёдтар шуд, ки хабари мурдаи Файзӯҳаммад омад. Хефонаш рафтанд, ки мурдаашро биёранд, чӣ шуд, ки наоварда дар қабристони шаҳр гӯрондаанд. Писараш Нурмуҳаммадро, ки тир хӯрда буд, сиҳат карданду ба ким-кадом зиндони Қазоқистон роҳ карданд. Зани Маҳмуди мисгар аз шаҳр омада буд, чизу чораашро бор карда рафт.
– Худаш сиҳат будааст?
– Сиҳат. Вайро ҳам дар зиндони Самарқанд медоштаанд.
– Аз Мавлонбой хабар нест?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё