Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
АдабиётҚисса
Аз аввал хондан- Пас ин ҷо бурҷӯӣ нест, мо киро мезанем?
Чернов ба рӯйи Семёнов нигариста, андеша кард, ки суханаш ҷон дорад. Ин ҷо мисли Русияи подшоҳӣ бойҳои садҳову ҳазорҳо ғуломдошта надорад. Понздаҳ-бист сол шудааст, ки ба ёрии русҳо дар шаҳрҳои калон заводи пахтаву заводҳои рӯғану хишт месозанд. Аммо ин андеша то ҳол ба сараш наомадааст. Ҷиддӣ шуда гуфт: - Киро мезанем? Заминдору муллоҳоро. Ин ҷо гандааш мулло. Мардумро аз доираи шариаташон як қадам онсӯтар рафтан намегузоранд. Рафтӣ, фатвои «кофир шуд»-ро бароварда, сангсорат мекунанд.
- Ту ҳам хуб воҳима кардӣ, - Семёнов бо тамасхур сар ҷунбонд.
Қӯшун шабро дар беруни шаҳр рӯз кард. Пагоҳӣ аз сӯйи шаҳр каме тирпаронӣ шуд. Ду тири тӯп ҳам паронданд. Чернов ба бригада омодагии ҷангӣ дод. Ба ротии 15-ум фармуд, ки роҳи гурези бекро бабандад. Боқӣ гурӯҳҳо дарвозаи Чармгарон ва дарвозаи ҷониби Китобро тарконда, ба шаҳр ҳуҷум мекунанд. Қисмҳои мусулмонӣ роҳҳо ва атрофро зери назорат мегиранд. Вале ҳанӯз ҳуҷум шурӯъ нашуда, аз ҷониби шаҳр як гурӯҳ салласафедони аспсавор бо парчами сафед намудор шуданд. Онҳо хабари бе ҷанг таслим шуданро оварданд. Аскар ба шаҳр даромад ва маълум шуд, ки бек шабона ҳамроҳи пайвандонаш ва як қисм навкарҳои наздикаш гурехтааст. Лекин хазинаш ҷобаҷо мондааст.
Ин хабар Черновро ба андеша водор кард: «Куҷо мегурезанд? Шояд назди амир Олимхон мераванд? Гумон доранд, ки амир мисли замони Николай бо русҳо гапзанон мекунаду боз онҳо ба ҷойҳояшон бармегарданд? Ё ки вақти хазинаро бардоштан наёфтаанд?»
Чернов фармон дод, ки қисмҳои савора ба шаҳр дароянду полки 7-уми тирандозӣ, батареяи савораи кӯҳгард, ротии муҳандисӣ дар беруни шаҳр дар ҳолати омодабош қарор гиранд. - Ҷангҳои тарафҳои шумо кайф намедиҳанд, - Семёнов ба Чернов ҳамриқоб шуд.
- Ҳоло ҷанг дар пеш, - гуфт Чернов. Ӯ нигоҳашро аз девори атрофи шаҳр наканда, фикр кард, ки дар ин тарафҳо ҳама шаҳрҳои калон ҳамин гуна деворҳои баланду мустаҳкам доранд. Лекин замони девор гузашт. Мисле ки замони югу омон гузашту ҷояшро трактор гирифт. Ва нигоҳи ҷонибаш дӯхтаи Семёновро дида, илова кард: - Равиши ҷанги инҳо мисли Урупо ё Русия нест. Ин ҷо ғалаба дар гурехтани бек ё тасарруфи шаҳр ҳам нест. Бояд халқро ба тарафат гардонӣ. Вагарна аз ҳар тараф дастаҳо пайдо шуда, рӯзат намедиҳанд. Мисле ки аз ҳар ҷойи баданат даммал (чипқон) мебарояд.
- Олами Шарқ пур аз аҷоибот будааст. - Семёновро дарвозаи пурнақшу нигор, бурҷу бора ва девори баланду боҳашамати атрофи шаҳр дар ҳайрат гузошт.
Дар ҳамон рӯзе, ки Мансур Ҷовидро гирифта аз Найзаварон рафт, Нуралии гуреза кӯҳи Оҳаликро фуромада, тамоми рӯз роҳ гашта, ба домани теппаҳои алақаш зардшудаи болои сойи Ҳумо омаду сари асо истода, ҷониби заминҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё