Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дар тагам шутурам буд, ба лой ғӯтид. Акнун мани бечора чӣ кунам гуфта нола мекард.
Ин, албатта, муҳобот буд. Аммо лойгарӣ, ки шуд, фақат кафшу маҳсӣ не, балки ҷомаҳои мардум ҳам аз доман то ба миён аз чарахсаҳои лой нақшин мешуд. Даро-дарои зимистон гоҳу байни боронҳо ду-се рӯз танаффус мешуд. Нами замин канам-наканам, вақте кафши мардум аз таги деворҳо базӯр пайраҳа меку-шод, боз борон меборид. Ана баъди ин дидаед, ки замин турфалаҷжонаку мардум гумбогумб меафтоданд.
Айнан монанди борони ҳаминрӯза борони сим-сими сарди тирамоҳ меомад. Мо як тӯда бачагон дар зери дарвозаҳои Ҳаринаино чашмбандакон бозӣ мекардем. Ногоҳ амаки Ҳарина баромада монд. Ӯ ҳақораткунон мо-ро ба ҳар тараф пеш кард, ки ҳама чоро ифлосу бо шӯ-ру ғавго гӯшашро кар мепамодем. Вале ҳанӯз чанд қадам аз мо дур нарафта, лағжида ба лой афтод. Салла ба як тараф рафту кафшҳо ба тарафи дигар. Ба болои мурда садчӯб, ки духтарчаи нотарс байтеро, ки мо ба он тӯра бахшида будем, ниҳоят дар мавридаш бо овози баланд хонд:
Чақарню чукури,
Ман афтаму ту мурӣ.
То кай эй зиқна тӯра.
Мо ёбему ту хурӣ?
Ин ба тӯраи сар то по лой чунон алам кард, ки кафшро бардошта, ба сӯи байтгӯӣ ҳаво дод. Маҳсичан шалап-шалап қадам зада, кафши ба нишон нарасидаю лойолудашро гирифт. Бо дашномҳое, ки ягон ҳақорат-гари гузаро ба забон намегирифт, ҳамаамонро ҳақо-рат дода, пайгард ба хонааш даромада рафт.
Чунин боронгариҳо падари бечораам маро ҳам, ба қавли худаш, «куфру кофир» мекард. Дар қафои хонаи ягонае, ки дар он ҷо чор тан истиқомат доштем, молхонаи бои заводи пахтадоре буд. Ё қасдан бо фармони соҳиби молхона, ё молбонони вай ҳамаи ахлоти гову гӯсфандопро ба таҳти девори хонаи мо мепартофтанд. Наму буги ахлот девори хонаро шӯр мезаронд. Курсии онро мепӯсонд ва сангҳои таҳкурсиро беҷо менамуд. Агарчанде, ки дар ҳар ду-се сол мо аз бой иҷозат гирифта, ба воситаи бом лой гузаронда, кулӯхҳои шӯрзадаро иваз намуда, сангҳои таҳкурсиро ҷо ба ҷо намуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё