Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ошноии ҳар ду ва ҳам ба хотири халифаам. Хайринии соҳатҳо, ки ба рӯи сайидӣ ва хоҷагӣ, урфу одати он бебокона туф карда буд. Баъд фаҳмидани анҷоми моҷарои тӯй ва дидани башараи молшиноси замонношинос ҳам аҷиб буд.
Гӯё ба қасдаш гирифта буд, ки ҳамон рӯз аз пагоҳӣ борон меборид, резаю пурҷадала. Ин гуна борон ба мағз-мағзи замин меравад. Дар гузашта чунин борон кӯчаҳои шаҳри моро, ки ягон ваҷаби сангфаршу шағалрехта надошт, ба лойдон мубаддал мекард. Алалхусус кӯчаю тангкӯчаҳои моро, ки ҳоло аз рӯи костюми тӯю театрравак яктаҳи боронӣ пӯшида, ба он ҷо мерафтам. Ҳар қадами ин гузар, маҳалла барои ман таърихе дорад. Онҳо ҳоло аз назарам пурра набошанд ҳам, пайдарпай мегузаштанд.
Маҳаллаи Шайхислом ё чақари Шайхислом ҳатто барои замонаш ҳам ноободак буд. Аксари бошандагонаш кафшу маҳсидӯз. Ҳар ҷо-ҳар ҷо деҳқонони безамин, панҷ-шаш хонавода вофӯрӯш, яъне пойафзолфурӯшон ва тӯрахон муридхӯр ҳам буданд.
Тирамоҳ, ки шуд, ба шӯрамон ба қавле шӯрбо мерехт. Дар ҳангоми нобардорӣ камаш як ваҷаб лои часпак монанди сақичи зери дандони занон қарсос мезад. Ҳама илоҷе карда, торик нашудан пеш ба хонаҳояшон расида мегирифтанд.
Рӯзе як маҳаллағамон як ароба гӯзапоя харида омад. Аробаи носалиқани Қӯқанд ба омадан омаду дигар аз лой напаромад. Чархҳои якуним қади одами вай то наздики губчак ба лой гӯтида буд. Ҳар дафъа, ки «ҳалҳал» гӯён аспро мекашиданду аробаро тела медоданд, чархҳо зиёдтар ба лой мерафтанд. Ночор бо тавалло чанд нафар чойхӯрони самоворхонаро бароварданд ва як бало карда, аробаро аз лойқа берун кашиданд.
Муфт халос шуди, — шӯткаригӣ мекард касе ба аробакаш, — як коса равған харида, ба деги мазор бурда рез. Дирӯз ана дар ҳамин ҷо бинам, дар рӯи лой як кулоҳи лабгардони намадӣ истодааст. Бардорам, дар тағаш калла. Аз гӯшаш гирифта берун кашидам. Вай бошад, ба ҷои хурсандӣ хунг-хунг мегирист. «Ҳуй, пулиё, чаро гирья мекунӣ? Шукр кун, ки гӯтида ба шохи гови таги замин рафта овезон нашудӣ» — гуям,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё