Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
об гирифтани баданам, яъне бақувватакак шуданамро дида, ба мактаби Валихон ном мактабдоре, ҳамон Валихон супурд, ки мардум «ба Муҳиддинхони мударрис хасм шуда, донаи мияи хар хӯронда, телба кард»— мегуфтанд.
Ман дар он ҷо ба Хоҷа Ҳофизхонӣ сар кардам.
Аз назди отунбибӣ рафта бошам ҳам, дӯстии ману Хайрӣ давом мекард ва қувват мегирифт. Як акаи ба оқ мекунаму дӯғу пӯписаҳои падар нигоҳ накарда, ба чӣ гуна рабфак ба хондан рафтаи ӯ, ки аз куҷо бошад, коғазу қалам ва ҳар хел суратҳои дар он замон камёфтро пайдо мекард, ба хоҳараш меовард. Ӯ бошад, ба ман медод. Зеро вай акнун тӯппидӯзи хеле ҳунарманд шуда буд ва нақши тӯппиҳояшро ман кашида медодам. Он вақт аксари хуҷандиҳо тӯппии тагдӯзӣ ва чамандагул, фақат олуфтаҳо тӯпии аждаҳорӣ мепӯшиданд, ки вай кулоҳи Юсуфҷонкизиқи узбекро ба ёд меовард, ки дар ҳангоми масхарабозӣ ва ширинкориаш мепӯшид.
Ман ба ҳар як тӯпии Хайрӣ гулу нақши наву тоза медаровардам. Тӯпии гули шафтолуи мақбули хосу ом аз зери сӯзан ва бахяҳои ӯ баромада шӯҳрат ёфт.
Хайрӣ ҳафтае ду-се тӯпӣ медӯхт ва аз гуфти худаш, падараш пули яктаашро мегирифту ба пули дигараш ӯ бисот мекард.
Ин сабаби аввалини дӯстии мо буд. Ин дӯстӣ сабаби дигар ҳам дошт.
Дар мактаби Валихон Нурмуҳаммад ном косиббачае бо ман мехонд. У дар хондан агарчи кундзеҳн ва беҳунаре буд, ҳамчун дӯзанда, чунон ки мегӯянд, ҳанӯз аз хурдсолӣ даҳ панҷааш ҳунар. Падари Нурмуҳаммад барои ҳеҷ небошад як хатнавису хатхон шудани ӯ, ҳар чи аз дасташ неомад, карду ҳар чӣ метавонист ба мактабдор дод. Қафши мактабдор ҳар сол бепул дар дӯкони падари Нурмуҳаммад дӯхта мешуд. Вале писар чанд сол хонда, аз «ҳафтъяк» берун наомад ва боре мактабдори аз муфт гирифтанҳои пойафзол охируламр дар хиҷолат монда, гӯё гуфтааст, ки «дар қисмати пешонаи писаратон саводбарорӣ нест. Маро хуни чигар карду чизе пашуд». Ба ҳамин тариқ, Нурмуҳаммад аз мактаб чун бузи фарьёд задаистодае, ки аз зери теги қассоб халос хӯрдааст, наҷот ёфт.
Ҳамин Нурмуҳаммад рӯзе ба дӯкони мо гули хайрӣ пурсида омад. Вале пас аз онро гирифтан ҳам, аввал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё