Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
II
Ошуфтагии падарам аз Хайрӣ, албатта, он қадар бесабаб набуд. Ману Хайриро чанд чиз дӯст гардонда буд. Ҳафтсола будам, ки маро дар маҳаллаамон ба мактаби духтарона доданд. Отунбибии он, модари тӯрачаи Ҳарина, Фазилатоя зани бамаърифат, пурдон, ба шогирдонаш меҳрубоне буд. Шогирдони ӯ аксар духтаракон буданду мо сетан писарбачагон нисбат ба духтаракон хеле хурдсол будем. Хайрӣ аз ман се-чор сол калонтар ва халифаи ҳамаи мо буду вақте отунбиби ба ягон ҷой мерафт, ё овораи корҳои хонааш мегашт, мактабдори ба зиммаи ӯ мефуромад. Хайрӣ ба ҳама меҳрубон буд. Ҳеҷ касро ягон бор намеранҷонд. Меҳрубонии ӯ хоҳарона, ҳатто модарона буду ғамхорӣ ва дилсӯзии ӯ ҳамаро водор менамуданд, ки иззату ҳурматаш кунанд.
Ман ҳамон вақт сурат тамошо кардану аз рӯи суратҳо сураткаширо аз хондан ва аз бозию дилхушиҳои дигари бачагона бештар дӯст медоштам. Чӣ дар хонаи отунбибӣ ва чӣ дар хонаи худамон, қалам овораву коғаз сурат мекашидам. Отунбибии ҳалим, ки ягон бор овозашро баланд карда, ба шогирде сахт намерасид ва ҳамидораву моро ба некӯкирдорӣ ташвиқ менамуд ва танбеҳ мекард, ки аз бадиву бадкирдорӣ бупарҳезем, аҷаб ки сураткаширо манъ намекард. Ҳол он ки дигарон «сурати ҳар ҷондореро кашӣ, фардо рӯзи қиёмат то ман ҷон ато кун мегӯяд, наметавонӣ ба азоби нори ҷаҳаннам гирифтор мешавӣ» — гӯён сураткаширо манъ мекарданд. Хайрӣ бошад, суратҳои ман кашидагиро дида хурсанд мешуд, ҳатто қаламу коғазҳои падарашро пинҳон оварда медод, ки сурат кашам.
Ман аз отунбиби ду сол дарс гирифтам. «Тахта»-ро дар ду-се ҳафта фаровардаму ба «Ҳафтъяк» даромадам, онро дар давоми се моҳ то охираш хонда, тамом карда, ба «Қуръон» гузаштам. Соли оянда дар нимаи таҳсия онро фароварда, ба «Чор китоб» шурӯъ намудам ва аз ҳамон вақт сар карда, яъне аз бозе ки маънии чизи мехондагиамро пурра намефаҳмидам ҳам, акнун андак мефаҳмидам, шавку ҳаваси ман ба хондан чандон калон мешуд, ки сар аз китоб намебардоштам. Ин вақт падарам, ки бинобар «ношудакак» буданам маро ба мактаби духтарона дода буд, дар нӯҳсолагӣ андак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё