Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷеп мекардам. Вале ба пои зану духтарон аз рӯи ченчӯб медӯхтем, ба ҷуз як тасодуфе ки нақли онро ба хонанда ҷоиз медонам.

Кафшҳои мо аз кафшҳои Устоҳайдар дида арзонтар буд. Ба чунин инсоф маро падарам водор менамуд. «Ин қадар баҳои падару боборо ба болои кафш мондан хуб нест. Ба одам инсоф даркор аст. Мо аз фоидаи зиёд осёни болову обҷувози поёндор намешавем. Ризку рӯзӣ бошад, як навъ мегузарад» — мегуфт ӯ.

Ғайр аз ин, ба даҳан афтода мондану ба хушпулӣ пом бароварданро ҳам падарам маслиҳат намедонист.

Ба ҳамин тариқ, кафшҳои зебо, бадошт ва арзонтари мапу талабгорони бисёру дошт ва акнун мо кафшҳоимонро ба вофурӯшон яхлухт ё ба харидорон чакана намефурӯхтем. Бисёртар заказ қабул карда, медӯхтем.

Лекин ин дур нарафт. Артели дӯзандагон ташкил шуд.
Мапу падарам ба он аъзо шудем. Масолеҳро аз артел мегирифтему дар хона дӯхта ба вай месупурдем. Гапи байни худамон, дигар ба сифати кор он қадар эътибор намедодем. Зеро ҳар дӯзанда ҳафтае мебоист даҳ ҷуфт кафш дӯхта диҳад, ки осон набуд.

Ҳо, нақли тасодуферо, ки ваъда кардам, фаромӯш нагардад.

Аз маҳаллаи Олкорон як тӯраи муридхӯр духтар ба шавҳар доду рӯзе аз рӯзҳо суроғ карда дӯкони моро ёфта омад. Ӯ як марди хушлибоси тақрибан аз чил гузаштаи хушрӯй ва хушгап ҳам буд. Падарам дар дӯкон набуд. Тӯра, «агар хато накунам, дӯкони усто Абдуҷалилро ёфта омадам» — гӯён даромаду пештар аз ман салом дод. Тохта аз ҷой бархостаму баодобона дасти ӯро гирифта хоҳиш кардам, ки аз рӯи кӯрпачаи кӯҳнаи суфачаи дӯкон гузашта нишинад.
Оянда бе ҳеҷ ҳазару ғурур бо вуҷуди либосҳои тоза, гузашта нишаст. «Ободӣ макону осудагии мӯъминон» — гӯён даст ба рӯ кашида омин карда ва пурсид, ки падарам дар куҷову кай меояд. Гуфтам, ки эҳтимол омада монанд. Ӯ, ҳанӯз суханамро ба охир нарасонида «хайр зарар надорад» — гӯён сухан сар карду гуфт, ки як лозим дорад, ба дӯстон кафшҳо додан лозим. Ба ӯ гуфтаанд, ки мо ҳам базебу бадошт ва ҳам арзон медӯзем. Бинобар ин, дарак карда ёфта омадааст.

пешина
аз 447
навбатӣ