Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Хӯш, усто, акнун ба муроду мақсадатон расидеду Хоҷакамолро ҳам ёфтед...
Устоҳайдар суханро аз ӯ гирифт.
— Аз ваъдаам нагаштаам. Поятонро ба рӯи ана ҳамин қоғаз мемонед: — усто қоғазеро оварда, меҳмонро бархезонд ва як пои маҳсидорашро ба рӯи он гузошта гирдогирди он хат кашид. Бо ресмон баландии рӯи пойро ҳам чен карда, қоғазро печонду ба раф гузошт.

— Тавба, шумо чӣ кор карда истодаед? — гаштаву баргашта мепурсид меҳмон. Усто бошад гӯё мум газида буд, ки то тамоми кардани чен чизе нагуфт.
— Охир, то кай мо, дӯзандаҳо аз рӯи ченчӯб кафшу маҳсӣ медӯзем? Вай дарозии пойро нишон медиҳад. Аммо паҳну борикии кафи по, панҷа, дӯпгии пойро аз чӯбчен чӣ хел мефаҳмед? — Усто табассуме кард. — Пои келипоямро ҳам ана ҳамин хел чен карда мебиёреду баъди як ҳафтааш ду ҷуфт кафшро гирифта бурдан мегиред.

— Ба шумо охир ҷавр намешавад-мӣ? Як ҷуфт ба пои худамон дӯхта диҳед ҳам, сари мо ба осмон мерасад.
— Қавл эътибор, Султонбой. Қавл дода будам, ки агар ҳазрати Камолро ёбед, ду ҷуфт кафш дӯхта диҳам. Гап тамом.

— Хайр аз мо нагардад, аз худо гардад. Ҳиммати шумо баланд, — изҳори миннатдорӣ намуд меҳмон ва оҳиста ченчӯбро аз бағал берун овард. — Аз эҳтиёт пои бачаҳоро ҳам чен карда оварда будам. Маро овора накунеду ба ҳамин нигоҳ карда дӯзед. Ин қадар ба пояш часпида истоданаш ҳам шарт не. Пойафзол аз хурдаш калонтараш беҳтар.

Баъди ин меҳмон аз нотинҷии қишлоқҳо, аз он ки мардуми деҳот чизу чораҳои атториро қариб нахарида монданд ва дарди хориш авҷ гирифта, одамон аз ӯ бисёр доруи опро мепурсиданду ёфтани он аз ёфтани тухми анқо осонтар нест, ба гап даромада рафт.
Ман ба онҳо нимчала гӯш медодаму фикр мекардам, ки пойро ба тавру тарзи Устоҳайдар чен карда пойафзол дӯзӣ, дар ҳақиқат лоиқ наомада монданаш мумкин набудагист.

Акнун, вақте ки одамон ба дӯкони мо омада кафш мефармуданд, ман низ пои онҳоро аввал ҳамин тавр

пешина
аз 447
навбатӣ