Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ниҳода буд, ки об чархса пакунад. Дар болои дастшӯ ҳамвора собуни дастшӯй меистод, ки он вақтҳо собуни ироқӣ меномиданд ва танҳо арӯсу домодҳои нав соҳиби як кулчаи он мешуданд.
Ман дар давоми ду-се рӯз зисту сиришти устои нозуктабъи худро бо диққат омӯхтам. Ҳанӯз усто ба кор наомада, дӯконҳонаро тоза мерӯфтам. Як пагоҳӣ ӯ чун дид, ки сақфи вассабӯръи аз дуди манқал сиёҳшудаи дӯконро бо ойимҷорӯб аз чанг ва торҳои анкабут тоза мекунам, хеле шод шуд.
Падари раҳматии ман «тори тортанак камбағалӣ мебиёрад» мегуфтанду шифту тобдон, бурчаки девору даруни токчаҳоро худашон аз вай тоза мекарданд. Албатта тӯри вай камбағалӣ намеовардагист.
Аммо баднамо. Ба болои ифлосӣ, муқдорӣ, ба тӯри сабили вай чанг мешипад, пашшаю кунғузҳо дар мемонад. Дидӣ, ки эзори лӯлӣ барин сип-сиёҳ овезон. Нақшаш ҳамин, ки тортанакро дидан ҳамон кушӣ. На тӯр мекашад, на дом мемонад.
Устоҳайдар рӯзи шанбе кор мебуриду фармуд, ки зеҳи мопам. У як чарми парми сип-сиёҳу пурҷилои «амирқой» ном доштаро, ки аз пӯсти беҷирму захми гӯсола буд, ба рӯи кундаи дӯзандагӣ калон кушода, дар рӯзи равшан фармуд, ки чароғ гиропам. Чароғи даврӣ дӯкони майдаро хеле равшан кард. Усто ба рӯи тамоми чарм дастро солиду онро дар болои паҳлӯи пӯст, ки бо истилоҳи дӯзандагон зирагӣ ном донад, нигоҳ дошт. Андозан рӯи кафшро вай чанд бор чарх заноид ва ниҳоят бо чаппаи нӯги корди дӯзандагӣ гирдогирдашро хат кашида, бурида ба дасти ман дод.
Ана ҳамин, ҷои аз ҳама нағзу бадошти чарм.
Ман як рӯборӣ чарми дар ҳақиқат нарму чандирро гирифта, беихтиёр ба бинӣ бурдам. Бӯи ин чарм ва уфакаро, ки аксар вақт падарам аз он кафш медӯхт, дӯст медоштам. Шабҳои тобистони гарм ва дим, чун кайк ором надода мегазанду дар рӯи ҷоғаҳ аз ин паҳлу ба он паҳлу гашта меполидем, агар дар хона чарми ҳанӯз буриданашуда бошад, модар онро аз рӯи ҷоғаҳ партофта, моро аз болои он мехобонд. Чунин як бӯи форам ба кайкҳо, аз афти кор, маъқул набуд, ки дигар ба мо намечаспиданд.
— Бӯи амирконро нағз мебинӣ? — пурсид усто. —
Агар аз ман пурсӣ, бӯи ширеш, мум, зоғ, лок ва гули

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё