Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
чида ба девор такя кунонда монӣ ҳам, истодан мегиранд. Ту розӣ ҳастӣ?
— Магар аз чунин ҳадяи бебаҳо рӯй гардондан мумкин аст? — то тавонистам сухани муллоёнаи форами табъи ин китобдӯсти бузург, вале бе ному бенишонро ҷуста ёфтам.
Вале дар ин бобат на ман ба мурод расидам ва на ӯ. Китобхонаи аҷоиби Зӯлобӣ толону тороҷ шуд. Васиятномаи ӯ ҳанӯз дар дасти ман аст. Ба коғази сапсафеду ғафсу ҷилодор, ки мӯҳркардааш меномиданд, навишта шудааст. Дар ҳузури худи Зӯлобӣ амини маҳаллаамон «яккои ин васияти Муллозӯлобӣ дар дасти ман, яъне дар ихтиёри кумитаи маҳалла» — гуфта ба нусхаи дар дасти ман буда имзо гузошта мӯҳри маҳалларо паҳш карда буд.
Вале дареғ! Ба касали варами шуш гирифтор шуда, дар хона мехуфтам. Зӯлобии тарбодаш шиддат гирифта, ба хопамон касеро фиристода хоҳиш намудааст, ки зуд ба назваш равам. Падарам ӯро гардонда фиристодааст. Пагоҳи ҳамон рӯз Зӯлобииро дар ҳуҷра дарёфтаанд, ки чашм аз олам пӯшида буд.
Сӯфӣ ба намозхонҳо хабар медиҳаду андозу бардор мешӯянду такфин мекунанд ва ба хокаш месупоранд.
Орзуи нигоҳ дошта шудани китобҳоро ӯ бо худ ба гӯр бурд.
Вақте ман сиҳат ёфта, аз марги Зӯлобӣ огоҳ шуда ба ҳуҷрааш даромадам, дар он ҷо ғайр аз як пӯстаки пашмҳояш рехта, як лӯраболини чӯрук, ҷомаи алочаи лахта-лахтаи овезони мех, дар пеши оташдон се-чор тарораи нимсӯхта ва аз китобҳои гуногун чандин варақи кандашуда буданду халос.
Ба дӯконҳои Устоҳайдар бармегардем.
Ӯ марди озода, позуктабиат ва гоҳо зиқ ҳам низ буд. Ягон нохун барин чармрезаро дар зери по бинад, хам шуда онро мебардошт. Ба хокрӯбадоне ки дар берун меистод, бурда мепартофт. Оби гули хайриро ба чарм, монандаи ҳамаи дӯзандагони дигар бо даст неву ба чӯбча пахта печонда мемолид. Мисли дӯзандагони дигар ӯ мумро ҳаргиз бо дандон намеканд. Бо белчаи дӯзандагӣ тунук мебурид. Монанди дигарон ба кафш локро бо пахта молад ҳам, ягон бор надидам, ки ягон ангушташро олонда бошад. Дар дами дари дӯкон дастшӯйи мисина овехта ба зераш сатил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё