Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба ягон кас фурӯшед, — таклиф намудам соддалавҳона.
— Ту, масалан, агар фурӯшам, мехаридӣ? — лабханд намуд ӯ.
— Не, — ҷавоби қатъӣ додам.
— Боракалло! Одами баақл намехарад. Муфт диҳам ҳам, намегирад. Аммо ба дасти ягон беақли шӯрапушт афтад, ба сад кас нишон медиҳаду дидӣ ки Зулобӣ баъди ягон ҳафта бадному лонки сангборон шудааст. Ман гумон карда будам, ки ту баҷаи баақлу ба ягон кас нишон намедиҳӣ. — Нигоҳи санҷишкоронае ба ман афканд ӯ.
— Ба ман даркор не, — гуфтам боз ҳам қатъӣ.
— Аҳсант! — хитоб намуд ӯ ва суратҳоро ба лаби оташдоне, ки дар он ҷойҷӯши овезон садои аҷоибе мебаровард, чун садои кӯшнай аз дур, бурду як-як ба оташ андохтан гирифт.
Паризодҳои шарқу ғарб бо мӯйҳои парешон, нигоҳҳои мастона ва хумморона, гаҳе бо ҳаё, гаҳе бешармона, бо лабҳои лаълвор сурх, ғунчасон тару тоза, гарданҳои дарози булӯрини ба пеш моил, сандуқи дили то ба меҳроби байни ду пистон луч, китфҳои базеб, либосҳои ҳарир, зару зеварҳое, ки ба гӯш, пешонӣ, гулӯ, сари сина, бандҳои даст овехта, баста ва гузарондаашон вағгос месӯхтанд ва дар як турфатулъайн аз як маҳликою парисимо як порча қоғази аввал сурх, баъд сип-сиёҳшудаи чингак боқӣ мемонду баъди фурсате он ҳам пора-пора шуда мерехт ё бо вашми оташ аз мӯрӣ баромада мерафт.
Чӣ ҷон нуҳуфтан! Дилам ба суратҳо сӯхт. Пушаймон шуда, афсӯс хӯрдам, ки он гуна суратҳои зебо сӯхта нобуд шуданд. Хайр гирифта, ваъдан ба ҳеҷ кас пишон надоданро медодам, чӣ мешуд? Вале ҳар чанд дилам сӯзад ҳам, пас аз фурсате ба худ гуфтам: хуб кардам, ки нагирифтам. Ба ягон рафиқам нишон дода монам, ё ба дасти падару модарам афтанд, чӣ мешуд?».
Зулобӣ суратсӯзиро тамоми карда, маро ба курсии ҳуҷра нишонд.
— Ман он қадар пир нею лекин бетоби сахт, — шикоят намуд ӯ.— Тарбод ҳамеша, махсусан аз саршавии тирамоҳ то охири зимистон маро ҳазор бор мекушод. Дасту поямро ба чанголи оҳанинаш мегирад.

пешина
аз 447
навбатӣ