Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар Хуҷанд будаи ноширони Тошканду Қӯқанд будааст ва ба тавассути онҳо аз Бамбай ва Калкутта, Истамбулу Қазон ва Петербург китобҳо гирифта, интишор менамудааст ва музди ночизонае аз онҳо мегирифтааст. Ӯ, марди чӯтурнакш, гандумгун ва миёнсол, дар гуфтугӯ ҳар калимаро чанд бор такрор намуда, талаффуз мекард. Забонаш андак калолат дошт. Аввал дар як ҳуҷраи гӯшаи масҷиди маҳалла зиндагӣ мекарду сони барои китобдӯстиаш ба мударрис мақбул омада, ба як ҳуҷраи мадраса кӯчида даромад, ки дар он писари мударрис низ даро-баро карда мегашт. Мударрис, ба хаёлам, ҳардуи онҳоро бе андешае ҳамҳучра накарда буд. Зӯлобӣ эҳтимол вазифадор карда шуда бошад, ки писари ӯро китобдӯст кунад. Вале ӯ ҷавоне буд фориғмасъала ва беғаме. Чун Зӯлобӣ ҳар дафъа китобҳои нав мегирифт, медидам, ки ӯ безавқонаю бедардона онҳоро варақ зада мебаромад. Суратҳо, гулҳои ҳошияро тамошо мекарду муқоваҳои ғафсро таппос занонда пӯшида, таҳ ба таҳ ба равоқи ҳуҷра мегузошт.

Лекин Зӯлобӣ ягон китоби нав гирифтаашро то пурра нахонад, намефурӯхт, ё ба соҳибаш намесупурд. Ӯро беҳуда ҳам ғайбатгарони гузарои гузарамон «муши қоғазхӯр» наменомиданд. «Ин қадар китоб хонда чӣ мешуда бошӣ? Туро кӣ мударрис ё мактабдор, имом ё ҳатто сӯфӣ таъин мекунад?»— гӯён ба рӯи Зӯлобӣ таънаҳо мезаданд. Ӯ бошад «не қилай, амакӣ, ӯргапиб қоғап, ӯкумасам, ухлаёлмайман»— гӯён гурехта мерафт.

Боре Зӯлобӣ, баъди ин ки ду кафши посира дӯхтаро фурӯхта чанд китоб аз вай харида баромада мерафтам, бо як ангушт имо карда маро аз рафтан боз дошт. Хеле овора шуда, байни китобҳои бисҷёри ба ҳар тараф парокандаю резу пошро ҷуста, як халтаи қоғазӣ пайдо намуд. Чангашро афшонда, аз китфам гирифта, ба пеши тиреза овард. Чанд суратҳои рангаи занони соҳибҷамоли бараҳнаю нимбараҳнаро нишон дод.

— Ҷавон будаму ноширони китоб ба подоши китобҳояшонро фурӯхта доданам, ана ҳамин суратҳоро мефиристоданд. Акнун фикр кунам, гӯл будаам. Даҳпонздаҳ адад китобро фурӯхтан даркор буд, ки яктои ин суратро гирам. Ба ман чӣ даркорӣ доранд инҳо?

пешина
аз 447
навбатӣ