Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ҳис мекунам, ки аз кору бори ман норозианд, умедҳои он касро барбод додаам. Дар деҳа айёми мактабхониам муаллимон бо як овоз талқин мекарданд, ки маро баъди тамом кардани мактаб ба институт фиристонанд. Бо таъсири ҳамин ташвиқот дадаам аз ояндаи ман дилпур буданд, умедҳои калон доштанд, ки хонда ба деҳа меояму дар колхоз агроном ё раис мешавам ва он кас дар сояи обрўю эътибори ман ба роҳат зиндагӣ мекунанд.
– Бас не оворагиат, биё дар колхоз ягон кор ёфт мешудагист?.. Хонадор кунем, зани ту ҳам ба мо хизмат кунад, – бо умед ҳанўз ҳам маслиҳат медиҳанд, ё хоҳиш мекунанд, фаҳмидан мушкил.
Ман аз бисёр ҳамдеҳагон ин гапро мешунавам. Ҳар бор таъкид мекунанд, ки дадаат пир шудаст, хоҳаронат бо рўзгори худашон овора, ту биё, ба мўйсафед саробонӣ кун, бечора ба умед туро калон кард, хононд. Ман ба ҷои ҷавоб бо дард оҳе мекашам. Чӣ гўям, чӣ ҷавоб диҳам?!
Бинобар он ҳам, рўзҳои дар деҳа буданам соате бекор наменишинам. Ин бор ҳам боми ошхона ва оғилро толпўш кардам, печкаи хонаро аз нав соз карда шинондам, барои зимистон ҳезуму ангишт ёфта овардам. Баъд чорпанҷ сўм пули дар киса мондагиро ба дасти падар додаму ба шаҳр баргаштам.
Ба институт омадам, ки донишҷўён аз пахта баргашта, таҳсил сар шудааст.
Дигар ман бо таълиму таҳсил алоқае надорам. Аҷаб не, аз ин корам ҳам пасттар фуроранд. Барои арақхўрию бадмастӣ албатта ҷазо медиҳанд. Худ ба худ аҳд кардам, ки ягон кори дигар ёбам. Агар ба ягон институти илмию тадқиқотӣ ба кор мегирифтанд, хуб мешуд. Мақолаҳоямро хондагистанд, агар нахондагӣ бошанд, бурда нишон медиҳам. Ягон кори паст диҳанд ҳам, ман розӣ.
Имрўз ба номи ректор ариза навишта рафтам, аммо он касро дар идора наёфта омадам. Дар роҳ Манучеҳр пеш омад. Саросема ба дарс мерафт, гуфт, ки Рухсора маро кофта гаштааст, як бор ўро рафта бинам.
Дар ривоятҳои динӣ аз азоби дўзаху фароғати биҳишт гап мезананд, аммо дар асл, ҳамаи ин мавҳумот акси ҳаёти воқеии мост. Дузах ҳам, биҳишт ҳам дар худи мо, дар рафтору гуфтор, дар тинати худи мо таҷассум аст.
Шиканҷаи виҷдон аз азоби кадом дўзах камтар? Ана, ман ҳоло ба чашми рафиқон нигоҳ карда наметавонам ва як умр, ҳар боре, ки ин одамонро бинам, ҳамон номаъқулиам ба ёд меояд, диламро фишурда, айшамро талх мекунад.
Субҳи рўзи дигар аз хоб чашм кушодаму хеле вақт дар бистар ғелида хобидам. Ба хестан ҳавсала надоштам. Ин хел одатам набуд. Айёми донишҷўӣ мудом аз рафиқони ҳамхона маломат мешунидам: аз хоб чашм мекушоию мор газидагӣ барин парида мехезӣ, як дам хоб кун, мегуфтанд.
Ҳозир бархоста, бояд ба институт равам, лабораторияро кушоям... Не, ҳеҷ поям намекашад, ман баъзеҳо барин пўсти ғафс надорам. Аризаамро бардошта, ба назди ректор меравам... Соли нав наздик меояд. Порсол ҳамин вақт чӣ хел беғаму беташвиш будам. Ним сол кор накарда, ҳамин қадар ғавғо. Саъдӣ нағз гуфтааст: «То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем».

пешина
аз 91
навбатӣ