Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Амакам дар диван, ман дар кат нишаста, ҳарду лаънат мегуфтем, алам мекашидем, дандон мехоидем. Вақте ки дил дар оташи ситам ва ноҳақӣ гудохта мегардад, об мешавад, ниҳоят хатарнок аст. Дил ҳам шиша аст, шиша, ки об шуд, аз оташ бадтар аст, мегўянд.
– Замона намебардорад-дия... –гуфтанд амакам, аммо давоми гапашонро изҳор накарданд. Чашмонашон ба як тарзи аҷиб дурахшид, дар ваҷоҳати он кас шарораи густохӣ ва бебокии кайҳо хомўш гашта, лаҳзае рўй задагӣ барин шуд.
Ман фикр кардам, ки амакам агар замона бардорад, ин ғавғоро чӣ хел ҳал мекарда бошанд? Магар ман розӣ мешудам, ки ба пои духтар хоре халад, ё ба падару модару хешу табори вай ситаме расад?
– Монед, ғам нахўред, ҳеҷ гап не, – гуфтам ман бештар барои ором кардани он кас.
– Ҳа, сарат амон бошад, тоқӣ ноёб не. Фақат барои саргардон карданаш мегўям-дия. Дар пеши халқ кори нағз нашуд. Набошад ҳеҷ гап не, ту парво накун, – он кас ҳам дар навбати худ маро тасаллӣ доданд.
Оё ман тасаллӣ меёфтам? Касе тасаллӣ меёбад, ки ба тақдир тан медиҳад.
Дили якрави ман ба ҳукми зиндагӣ, ба амри дигарон сар намефуровард.
Баъзан худам ҳам намедонистам, ки аз ин умеди дароз муродам ҳосил мешавад ё не. Бо дили якрўй ва иродаи таслимнопазире, ки доштам, маҷбур будам умре дар изтироб зиндагӣ кунам.
Аммо қадами шуми бебарорӣ бо ин ҳам аз остонаи ман канда нашуд. Аз рафтораш, устод–зиндагӣ ҳамаи билетҳои имтиҳонашро пеши ман гузошта, қасди он дошт, ки ирода ва тобу тавоноии маро дурусттар санҷад.

  1.   ОСМОН ДАР ҲАМА ҶО ЯКРАНГ НЕСТ!
    

Мегўянд, ки ситораи думдор нишонаи ягон фалокати ба сари халқу мамлакат меомадагӣ аст. Дар осмон ситораи думдорро дида, пирон даст ба гиребон бурда, лоҳавл мехонанд, зимнан абрў чин карда, аломатҳои фалокати пеш меомадагиро дарёфтанӣ мешаванд, нишонаҳои онро меҷўянд. Ҳоло ба назарам чунин менамуд, ки дар осмони ҳаёти ман ҳам ситораи думдоре пайдо шудааст. Дандонаҳои сарди он аз нохушие хабар медоданд магар, дилам ҳамеша ғаш буд, баъзан бесабаб аз ҳама кор дилсард ва маъюс гашта, ба зиндагӣ беалоқа ва лоқайд менигаристам. Мардум дар атроф кор мекарданд, механдиданд, бо ҳам дарди дил мегуфтанд, суруд мехонданд–зиндагӣ доштанд.
Исрофилзода аз кори ман қаноатманд аст. Баъзан зиёда меҳраш метобаду маро ҳамроҳаш ба тўю зиёфатҳои ошноҳояш мебарад. Ягон шиносаш ба меҳмонӣ таклиф кунад, баъзан «агар равем ҳар ду меравем, шуморо дар ин ҷо монда, худам танҳо намеравам», гуён одамгариро сад фоиз ба ҷо меорад. Дар ин хел зиёфатҳо маро дар паҳлўи худ шинонда, қадаҳамро холӣ намегузорад.
Дар муддати пахтачинӣ ақидаи ман дар хусуси ин одам дигар шуд.
Исрофилзода ҳамчун муаллим ва олим қобилияти баланд надошта бошад ҳам, марди дарёдил, дилёб ва беғаш барин. Манучеҳр ба наздам омаду маро аз кинадории вай огоҳ карданӣ шуда, дар омади гап, чӣ гуна декани пештараи факултетро ба вартаи бадномӣ андохтани Исрофилзодаро ҳикоят кард.

пешина
аз 91
навбатӣ