Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Аз дур қомати баланди амакамро дида, дилам таҳ кашид. Онҳо имшаб дар Ҳалқасой бо як дег ош, нон шикастанашонро ба пирони деҳа маълум карда, рўзи дигар баргаштанӣ буданд. Қомати амакам аз ҳарвақта пасттар, тамоми ҳастиашон сарнагун ва пажмурда барин намуд, ки ин аз ягон ҳодисаи ногувор далолат мекард.
Баъзан мушкиле, ки ба ҳалли он чашматон намерасад, ба осонӣ, худ аз худ ҳал мешаваду коре, ки аз он дилпур ҳастед, вайрон мешавад. Боғи ободу шукуфонатонро сел рўфтагӣ барин ҳайрону музтар мемонед.
– Ҳа, чӣ гап шуд? -тоқатам тоқ шуда, аз масофаи бист-сӣ қадам дур пурсидам.
– Э, напурс, – гуфтанд амакам ғамгин сар ҷунбонда, баъди он ки мо рў ба рў шудем, –инҳо қавли ҳалол надоштаанд. Такси мора бурда, сари кўча партофту рафт. Чизу чораро фуроварда, дар таги чинор мондему барои хабар додан ба ҳавлӣ даромадем. Дар қафо боз ду таксӣ одам, якбора бесаришта нашавад, гуфтем. Э, вай одами ғалатӣ будаст. «Баъди шумоён рафтан маслиҳат кардем, модари духтар розӣ не, берозигии модар чӣ хел мешавад?»
мегўяд, –амакам тақлиди гапзании падари Рухсораро карданд. –Гуфтам, ки бори гузашта маслиҳататон напухта буд? Ин қадар одама аз куҷо ба куҷо овора карда овардан бозӣ не! «Хайр, як бор аз мо гузашт, мебахшед», мегўяд.
Сонӣ дадаат даромаданд, дигарҳо рафта гап заданд, не, гап таъсир намекунад. Ба чойхона рафта, аз якта-нимта мўйсафедони деҳааш маслиҳат пурсидем. Бечораҳо чӣ ҳам гўянд, номардӣ кардаст, гуфта оташин шуданд, дилбардорӣ доданд. Сонӣ харбузаҳоро ба ҳамонҳо додем, як гўсфанди дусадсумиро кушта оварда будем, арзону аломат гўшташа фурўхтему омадем.
Димоғи дадаат сўхтагӣ, ҷудо оташин... Хайрият, ки дар хона набудӣ. Шумоён равед, ман имшаб хоб карда, фардо меравам, гуфтам. Баъд онҳо рафтанду ман мондам... Ягон нокас ин кора вайрон кард-дия, набошад маслиҳат пухтагӣ буд.
Вазъияти он лаҳзаинаи маро тасаввур кардан мушкил аст. Ман ба ҳар як нокомӣ, ба ҳар як зарбаи зиндагӣ омода бошам ҳам, чунин бешафқатиро ҳаргиз нигарон набудам. Бигзор, бо ман ҳар чӣ хоҳанд кунанд, аммо падари пир ва ҳамдеҳагони солдидаи маро ин хел овора ва музтариб карданашон, маро дар деҳа ба ин андоза шарманда сохтанашон мағз андар мағзи устухонамро месўхт, саропо меларзидам, аз ғазаб дандон ба дандон фишурда будам. Ҳар як бебарорӣ аламовар аст, аммо ин хел муомила тобу тавони касро хушк мекунад, монанди дарахте, ки барқ задааст, одамро дар як лаҳза сўхта, хокистар месозад. Аз афташ, баъзеҳо дар сари ҳамин хел вазъият ҷиноятҳои мудҳиш содир мекунанд.
– Э, афсўс, сад афсўс! – бо алам сар меҷунбонданд амакам. – Охир нокас, дилат набошад, дафъаи аввал не гўю мон, ё чарх зада бед, маслиҳат карда бинем, гўй. Мо ин одамҳоро намеовардем, он вақт садқаи сар мегуфтему мерафтем... Дар байни халқ сар бардошта гаштан мушкил шуд. Боб кард! Э, боб кардан ҳам гап шуд!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё