Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тамаллуқкориҳое мекард, ки аз он дили ҳар одами каму беш зирак беҳузур мегашт, аммо калонон аз ў мамнун буданд. Баъзан фарёд карданам меомад, ки ҳамаи ин пастии нафратангез аст!
Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад, гуфтаанд, ин ҳам гузашт.
Аммо андўҳи сазовортаре дар пеш ба ман нигарон будаст. Рост мегўянд, ки бебарорӣ ҷуфт-ҷуфт меояд. Ғусса як бор аз дар дарояд, омўхта мешавад, лангон-лангон, бо овози хиррӣ, напурсида омадан мегирад.
Танги тирамоҳ буд. Баргҳои дарахтон тиллоранг гашта, дар гулзорҳои канори раҳ ва хиёбон охирин ғунчаҳои гули садбарг мешукуфт. Ҳаво шабона сардакак бошад ҳам, рўзона салқиниаш ба кас гуворо. Осмон пас аз як-ду давр боридан ҳоло соф ва нилгун. Боронҳое, ки борида гузаштанд, аз рўи барги дарахтон ва сабзаю гулҳо чангу ғубори тобистонро шуста, ҳамаро пуртароват карданд. Табиат ором ва сокит, гуё ба хоби зимистон омода гаштааст.
Ман ба гулҳои баҳор нигариста, ҳамеша шодӣ мекунам. Агарчи баҳор мегузарад, гулҳои зебою рангини он дар тобистон ҳам шукуфтан мегиранд.
Аммо ба гулҳои тирамоҳӣ назар карда, ҳамеша малул мешавам. Охир фасли сармо наздик аст, ин гулҳои беғубор ҳама ногузир тўъмаи боди хазон мешаванд. Умри онҳо ҳафтае ё каме бештар аз он. Ман ба ғунчаҳои навшукуфта гўё ба рўи бемори дардаш беилоҷ менигариста бошам, бо азоб назар медўзам. Не, ман ба ҳавои софу ороми тирамоҳ, ба гулҳои рангини он дил баста наметавонам.
Рўзи шанбе мувофиқи қарордодамон ба шаҳр омадам. Дадаам барои маросими номзадӣ, ки мардуми мо «ноншиканӣ» мегўянд, як ҷамоати калонро аз деҳа овардаанд. Мардуми деҳа шукўҳу дабдабаро нағз мебинанд, ба сарахбори тўй ҳам шаҳомате бахшида, хурсандиашонро ҳамеша бо умум ба ҳам мебинанд. Дар асл, ин ҳама шавкату шукўҳ беҳуда не, нишонаи фаровонӣ, осоиш ва ҳамҷиҳатии мардум аст.
Онҳоро ба Ҳалқасой гуселондаму ба тамошоҳи шаҳр баромадам. То бегоҳ кўчаю магазинҳоро давр зада, як чиз-ним чиз харидам, сонӣ ба ошхонае даромада хўрок хўрдам, чашмам ба эълонномаи филми нав афтоду билет гирифта, ба кино даромадам.
То имрўз дар хусуси тўй, зиндагиамон бо Рухсора, хонаю манзил ҳеҷ фикр накарда будам. Ҳамаи ин дар назарам гапу кори ояндаи дур барин менамуд.
Аммо имрўз ин андешаҳо гаштаю баргашта дар сарам ҷўлида, маро беқарор мекарданд. Институтро тамом карда, се-чор моҳ кор карда бошам ҳам, ҳоло дар ҷайбам сад сўм пул несту хонадор шуданиам, тўй карданиам! Албатта, умедам ба падар, онҳо ба нияти тўйи ман чандин сол боз аз хўрдану пўшидан сарфа карда, тайёрӣ доранд. Аммо умедворанд, ки ман ҳам «инро харҷ кунед», гуфта, ҳеҷ набошад, чорсад-панҷсад сўм дароз мекунам. Онҳо намедонанд, ки дар шаҳр аз моҳонаи ман баринҳо пасандоз кардан осон не.
Агар ин хел ҳолат рўй доданашро медонистам, аз ягон ҷо кори шабона мегирифтам...
Баъди тамошои филм бо ҳамин андешаҳо ба хобгоҳ расиданамро худам нафаҳмида мондаам. Боди сарди фасли хазонрез аз роҳу майдонҳо баргҳои рехтагиро рўфта, ба ҷўю чуқуриҳо ғун мекарду гўё ҳамаи ин бесару сомониро ба тартиб овардан мехост.

пешина
аз 91
навбатӣ