Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тақрибан соати дувоздаҳ ба деҳа даромадам. Сагон аз ин шабохуни одами ношинос валвала карда, деҳаро ба сар бардоштанд. Ман духтури деҳаро аз хоб бедор карда, воқеаро гуфтам. Ҳар ду ба духтурхонаи вай рафта, ба бемористони район занг задем ва ба мошини ёрии таъҷилӣ раҳнамоӣ карданро ба писарчаи сездаҳсолаи ў вогузошта, худамон саросема ба қароргоҳи мо омадем.
Он шаб қарибиҳои соати се ҷавони беморро ба ягон бемористон бурданду баъд мо хоб кардем.
Субҳи рўзи дигар ман ба бемористон рафтам. Бемор ба ҳуш омада, нишаста буд, дақиқае ҳамгап ҳолҷўӣ намудам, духтурро дида, вазъи беморро пурсидам. Сипас баргашта омада, донишҷўёнро хотирҷамъ кардам.
Бегоҳӣ ба штаб равам, Самеъзода бағоят ғазаболуд, хирмани хошоки хушк барин дармегирифт.
– Ба ман дар колхози ҳамсоя гуфтанд, ки донишҷўе ҳалок шудааст, шумо бо духтарон ба сайру гашт рафта будаед! – бо ғазаб ба рўи миз мушт зада, бо пояш замин мекўфт вай. – Ба штаби факултет омада пурсам, инҳо бехабар! Ин чӣ номаъқулӣ? Шумо калла доред ё…– Вай ин қабил суханҳоро сел барин мерехту фарёд мезад ва ба ман имкони даҳон кушодан намедод.
– Муаллим, ман...
– Чаро ба штаб хабар надодед? Чаро? Агар мурад, чӣ кор мекардед? А?
Шумо ҳушёр мегардед ё маст?
– Шаби гузашта ин ҳодиса рўй дод. Ман дар штаб будам. Рафтам, шабошаб ба беморхона равон кардем. Ана, акнун омадам.
– Чаро пагоҳӣ хабар надодед? Чаро шаб хабар надодед? Каллаварам!
– Пагоҳӣ ба беморхона рафтам. Аҳволаш дуруст. Дигар фурсат нашуд.
– Кайфу сафо карда гаштам, гўед! Ман шуморо як одами дуруст мешавад, гўям, як дарди сар будед-ку!
– Чӣ хел кайфу сафо?.. Тавба...– имдодталабона ба ҳозирон нигаристам.
Ҳама хомўш, ба ҳар тараф чашм дўхта буданд, фақат ба рўи ман наменигаристанд. Чашмам ба донишҷўи курси дуюм, сардори гурўҳ Қодиров афтод. Вай шаби гузашта дар бригадаи мо буд. – Ин кас дар ҳамон ҷо буданд, гумонам, ки омада мегўянд, – гуфтам ман ночор монда. Ин лаҳза аз дилам гузашт, ки хабарҳои дурўғро вай паҳн кардааст.
– Ҳа, ин кас барои обуна рафта буданд, ҳозир омаданд, –гуфт ҷонишини декан бештар барои худашро сафед кардан.
– Ман аз он ҷо баромада, ба бригадаҳои дигар рафтам, ба колхози ҳамсоя гузаштам, ҳозир омадам, – гуфт Қодиров ба гапи ман писханд зада.
Авзои хушнуди ўро дида, семинаре, ки вай баҳои ғайриқаноатбахш гирифта буд, ба хотирам омад. Дар ивази корҳои ҷамоатиаш баъзе муаллимон ба вай гузашт мекардаанд, семинарҳоро тайёр накунад, гап намезадаанд, ҳатто берозигии худи вай аз ў дарсро намепурсидаанд.
Исрофилзода ўро ҷонибдорӣ карда, «обрўи ин хел фаъолҳоро нарехтан даркор», гуфтанашон дигарбора дар гўшам садо дод.
Ҳоло Қодиров барқасди ман хушнудиашро пинҳон накарда, бо раҳбарон худро наздик гирифта, гап мезад, хушомад мегуфт ва бо тамоми ҳаракатҳояш маро нописанд карданӣ мешуд. Ба ҳар як сухани оддии калонон, агар он ба мақсади ҳаҷву киноя гуфта шавад, аз ҳама пеш, вай қоҳ-қоҳ зада механдид.

пешина
аз 91
навбатӣ