Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Гуфтам, ки Исо ҳам ба раҳи худ, Мўсо ҳам. Ба ман бадкорӣ накардагӣ одамро бад гуфта наметавонам.
Баъди хостгорӣ ману Рухсора ба чашми якдигар нигариста наметавонистем. Вай аз кори падару модараш дар хиҷолат, ман дилозурда ва малул, гуё ба якдигар чӣ гуфтанамонро намедонистем. Вай хиҷил гашта бошад ҳам, ман барин пакар ва малул не. Маълум буд, ки муҳаббати вай мулоҳизанок аст, баръакси ишқи пуршўру пурэҳтироси ман, вай ба ҳукми ақл ва мантиқ тан дода, кор мекунад.
Рўзе ду нафар ҷавон бо мошини сабукрав Рухсораро пурсида омаданд. Ўро аз пахтазор ҷеғ зада, даҳ дақиқа барин гапзанон карданду баргашта рафтанд.
Ман дар сари тарозу будам, аз он сўи қитъаи калон, онҳоро шинохта натавонистам. Ҳар қадар дилам беқарорӣ кард, худдорӣ кардаму наздик нарафтам. Ҳамон талабгори Рухсора будаст, ки ба институт омада буд. Баъди ба донишгоҳ омада, Рухсораро дида рафтанаш ману Манучеҳр ба наздаш, ба Ҳисор рафта будем. Буду шуди гапро гуфта, хоҳиш кардем, ки ба муҳаббати мо халал нарасонад. Ҳақиқати ҳолро аз худи Рухсора мепурсам, гуфта буд.
Имрўз омада, ҳамон гапро пурсидаст. Рухсора даъвои маро тасдиқ кардасту вай гапро дароз накарда, ба раҳи омадааш баргаштаст. Барои Рухсора дар назди вай ҷавон иқрор кардани муҳаббаташ чӣ ҷасорати баланд аст, ман медонистаму худи ў. Ин гап ҳаргиз дар дили он ҷавон хоб намекунад. Ҳатто як бар даҳ афзуда, овоза мекунад, бо ҳамин тасаллӣ меёбад, дар пеши наздиконаш худро сафед мекунад. Албатта, дар шаҳр, дар аксар деҳоти Тоҷикистон ҳам, ин гуна воқеаҳо гапу кори муқаррарии ҷавонону духтарон аст, аммо барои духтари Ҳалқасой ин гуна иқроркунӣ бадномии гўшношунидае буд.
Гоҳе фикр мекунаму худро маломат мекунам, ки гул барин духтар ба касрати ман сараш пурмаломат, дилаш дар изтироб аст. Бо ҳамин андеша аксар озурдагиамро аз муомилаи падару модараш маълум намекардам. Фақат баъди ба хона рафта омаданаш пурсидам:
– Барои чӣ ин хел кардаанд?
– Надонам, – гуфту зери лаб хандид. – Хостгорҳои умедворашонро аз раҳ задед... ба ситеза ҳамин хел кардагистанд-дия.
Аммо ин гапаш барои шухӣ буд, инро ман аз оҳанги суханаш фаҳмидам.
Вай дурўғро бомаҳорат гуфта наметавонад. Сонитар фаҳмонд, ки падараш ба институт омада, аз ину он дар хусуси ман пурсуҷў кардаанд.
– Як муаллими пиракӣ гуфтаанд, ки вай дар сағирхона калон шудагӣ... Боз бекасу кўй, арақхўр, бадахлок... Боз ким-чӣ гапҳои намешудагӣ ёфта омада, ҳамаро гаранг карда шиштаанд... Аслаш, худатон гунаҳгор. Ҳамаро ба худ душман карда, дигар ба дардатон даво наёфта гардед, – гуфт вай бо алам.
Аммо ҳуши ман ба муаллими пир банд буд.
– Аҷоиб... Муаллими пиракиашон кӣ бошад?.. Обидӣ будагистанд? Он кас дар ҳамон ҷо. Ҷўразода ин хел намегўянд.
Он рўзҳо аз ростӣ, ба бедардию беғамии Исрофилзода ҳавасам меомад. Вай соатҳои дароз бо донишҷўён чақ-чақ карда менишаст. Ба пеши саркор мерафт, вай қатӣ гапаш қўр мегирифт, шабҳо дар штаб ё меҳмонӣ гум шуда мерафт, хуллас, моҳияти рўзу фароғати хоби шаб, нашъаи сўҳбат ва лаззати таоми хўрдагиашро медонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё