Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Рухсора ба хобгоҳ даромад. Ман боз қадре истода, ба даричаи яктабақа ва дарвозаи оҳанин нигариста мондам. Ҳатто ҳамин дару дарвозаҳо ҳам ба ман азиз ва маҳбуб намуданд. «Хайр... раҳмат» гуфтани Рухсора, овози маҳини зангуладори вай дар гўшам садо медод. Баъд аз қайди ин эҳсосоти ошиқона раҳоӣ ёфтаму аз соддагию заифдилии худ хиҷолат кашидам. Хайр, дар умрам бори аввал бо духтаре мулоқот доштам, гуфтугў, нигоҳҳои сўзнок, ҳатто дасташро доштам. Дар кафи дастонам лаҳзае аз нав дасти ўро ҳис карда, беихтиёр ба кафи дастонам нигаристам... Чашмони ўро намегўед!.. Имрўз он чашмони сиёҳи пурнур монанди ду майнаи бесаранҷом дар банди дили ман ҳамешагӣ лона монданд. Аз нигоҳи алмосии вай ҳастии ман ободие дорад, ки гуфта наметавонам.
Шаби ором ва ҳаловатбахш буд. Салқинӣ кам-кам дами гармои рўзро шикаста, ҳоло вуҷуди кас роҳат ва сабукие ҳис мекард. Ман ба майли хотир қадам мезадам…
Ҳодисаи дар ин лаҳза рўйдодаро равшан дар хотир надорам. Ҳамааш дар якчанд сония, не-не, дар як миҷа задан содир шуд. Чунон тез рух зада гузашт, ки дар лавҳи хотири ман ҳанўз ҳам монанди хобе ё хаёле норавшан, гуё аз паси пардае хира ва меғолуд менамояд. Суроби одами масти калаванда ва мошине, ки рост ба сари вай меомад, дар ёд мондаасту бас. Сонӣ зарбаи сахте, ки аз он маро гўё хоб даррабуд... Сипас ёд дорам, баҳушу беҳуш бархоста, қадаме мондам ё не... чароғҳо давр заданд ва ман гўё ба чоҳи бетаге фурў рафтам... Сонӣ худро дар хараки сари роҳ дидам, ки ду-се нафар аз бағалам дошта, мешинонданд. Милитсионер одамонро пароканда мекард.
- ДАРОЗИИ ШАБРО АЗ БЕМОР ПУРС
Даруни мошини «Ёрии фаврӣ» ман комилан ба худ омадам, яъне чарх задани сар ва тумани пеши чашмам бартараф шуд. Аз ҷоям бархеста нишастанӣ шудам, аммо ҳамшираи шафқате, ки дар паҳлўям менишаст, амр кард, ки наҷунбида, ором хоб кунам. Сарам докапеч, дасти ростамро то ба гардан тахтабанди симин фишурда буд. Хайрият, гуфтам худ ба худ, зиндаам.
Оҳиста дасту по, сонӣ миёнамро ҷунбонда дидам, ба назарам, ҳама ҷоям дуруст барин, фақат гўшам садо медод, дилам беҳузур буд. Аммо ин ҳам кам-кам бартараф мегашт. Ҳодисаи руйдодаро мулоҳиза кардаму хотирҷамъ шудам.
Баъди муоинаи фаврии духтурҳои бемористон дарҳол сўзанзанию доругузаронӣ сар шуд. Хулласи калом, дар давоми ним соат ман аз як ҷавони хушҳоли беғам ба бемори бистарӣ табдил ёфтам.
Ҳамон шаб, аз таъсири дору бошад ё зарбу лат, ҳеҷ чизро фикр накарда, хобам бурдааст.
Рўзи дигар ҳам карахт хобидам, аммо дардамро ҳис мекардам. Бештар рўҳан азоб мекашидам, ба атрофам беалоқа ва дилсард менигаристам. Ба ҳолҷўии ҳамхонаҳо лабамро ҷунбонда мемондаму бас. Чандон дарди сахт ҳам набуд, асосан сарам сўзан задагӣ барин ҷиз-ҷиз мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё