Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Дар куҷо хоб мекунад?
– Даруни ғор ё ковокии чуқури шаху зовҳои баланд. Аз шохҳои хушк барои хоби зимистонааш «бистар» месозад. Як чупон гуфт, ки хирс аз хонааш хасу хошоки поринаашро бароварда партофта, ба ҷояш чўбу чахси тоза андохтанашро ба чашми худ дидааст. Чўпонон мегўянд, ки хирс бачаашро ҳам ба сармои зимистон тайёр мекунад. Вай онро аввал аз байни мушхор мебарад. Мушхор ба тани хирсбача часпида, пачак шуда, тани онро зиреҳ барин мепўшонад. Ба ғайр аз ин хор баданашро ба хориш меораду хирсбача худашро ба сангу дарахт молида пўсташ ғафсу дурушт мешавад, тибит мебарорад.
Рухсора ҳам монанди ҳамаи мо, аз рўи китоби дарсӣ ҳаёти хирси сафеди шимол ё худ пингвинҳои Антарктидаро медонист, аммо аз набототу ҷонварони диёри худамон қариб бехабар буд.
Як села майна чуғур-чуғуркунон хўроки ҳайвонотро тала мекарданд.
Нигариста истода аз дилам гузашт, ки майна дар чолокию зиракӣ аз гунҷишк ҳам мегузаронад.
– Ин чӣ хел парранда, медонед?
– Дар ҷои мо уна подабонак мегўянд, – гуфт вай бо эҳтиёт, суханашро нимғурма карда.
– Подабонак хол дорад, ин - майна.
Мо аҷоибхонаро тамошо карда, дар канори ҳавзи ҷонварони обӣ, ки ба кўли табиие монанд буд, дамгирӣ нишастем. Аз байни найзор ва дигар буттаю гиёҳи ботлоқӣ ўрдаку мурғобиҳои гуногун, ба умеди он ки аз дасти мо хўроке гиранд, берун омада, пеши мо ҷамъ шуданду ғавғои маҳшар барпо карданд.
Ман фурсат мепоидам. Рухсора тааллуқманде дорад ё не, зудтар фаҳмиданӣ будам. Аз гапу рафтораш маълум, ки надорад. Аммо гуфта намешавад, ин хел духтари нозанинро, ба қавли мардуми деҳа, «сарашро баста монда», сонӣ ба шаҳр мефиристанд. Дар ин хусус чӣ хел гап кушоям, намедонам. Маро ба ин духтари аҷоиб як ҳиссиёти номаълум, кашишу ҷозибаи фавқулодда пурзўр гуё тобеъ карда буд. Кам-кам ба худ иқрор менамудам, ки ўро хуш кардаам. Мегуфтам, ки духтари орзу кардагиам ҳамин. Аммо ин чӣ хел муҳаббат? Ҳануз ўро дуруст нашинохта? Охир одам касеро дўст медорад, ки ўро як умр ҳамсафари ҳаёт, якдилу якҷиҳати худ қарор диҳад. Намедонам... Ҳар чӣ бошад ҳам, ин духтар ба ман маъқул, даҳ сол озмуда бинам ҳам, боз маъқул, бо тамоми неку бадаш маъқул. Кори номаъқулаш ҳам маъқул... Вай агар ҳозир ин фикрҳои маро фаҳмад, балки дигар ба рўям наменигарад. Аҷаб не, ин хел фикру хаёл ҳанўз дар гўшаи хаёлаш ҳам набудагист.
Офтобшинам буд, ки мо аз боғи ҳайвонот берун рафтем. То дар буфет дутогӣ самбусаю меваоб хўрдем, ки торикӣ фуромад. Дигар эҳтиёткорӣ фаромўш шуд, ҳар ду пиёда то ба хобгоҳи Рухсора омадем. Мо мамнун ва хушбахт будем. Ҳангоми аз гузаргоҳ гузаштан як-ду бор аз дасти сарди ў гирифтам. Вай сурх шуда, лаб газид, худам ҳам дар вазъияти ногуворе афтода, дасташро зуд раҳо кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё