Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо писар зери лаб хандиду оҳиста, хеле боадабона эътироз кард: «Вай орденҳо барои серфарзандӣ, дада. Онҳо – қаҳрамонмодар!». «Хайр, зан боз чӣ хел қаҳрамон шавад? Асптозӣ кунад ё кўҳа гардонад? – ба ҳеҷ ваҷҳ тан намедод пирамард.
–Даҳтагӣ-понздаҳтагӣ фарзанд калон кардаст, боз чӣ мехоҳӣ? Чӣ, бача калон кардан гумонат кор не? Ба ман монанд, аввал ба ҳамонҳо нафақа медодам»...
Ба мо гуфта буданд, ки аз деҳа ҳеҷ набошад, як-ду нафар духтарро барои таҳсил ба институт ташвиқ карда биёрем.
Субҳи рўзи дигар ба кор сар кардем. Ҳамроҳи раиси ҷамоа, директори мактаб, инструктори комитети комсомоли район хона ба хона гаштем.
Барои ибрат корро аввал аз духтарони фаъолони деҳа сар кардам. Духтари раиси ҷамоат ҳамин сол синфи даҳро тамом кардагӣ будааст, ҳуҷҷатҳояшро гирифтем, худаш ба мошин савор шуд. Аммо аз чашми модари духтар аён буд, ки фарзандаш ба ҳеҷ ваҷҳ намехонад, баргашта меояд. Барои ба падараш гап нарасондан мераваду зуд бо ягон баҳона баргашта меояд...
Барои ду духтари дигар, ки бо тавсияи директор ба хонаашон рафтем, қариб буд, ки дилсиёҳӣ кунанд. Мо аз аҳамияти таҳсил гап занем, онҳо хархаша сар карданд. Хеле сурху сафед шудем, суханони пасту баланд ҳам шуд.
Ҳамон рўз баъди гапгузарониҳои зиёд, аз рўи калонони деҳа гузашта натавониста, падару модар боз як духтарро ба мошин савор карданду мо ба шаҳр баргаштем...

Дар хобгоҳи мо ҳам кор барор нагирифт. Ману духтараки ҳалқасоӣ ҳайрон мондем. Танҳо дар ду хона духтарон буданд, ки ҳоло дар хобгоҳ нестанд. Шом шуд. Духтар изтиробомез ба рўи ман менигарист. Мижгонҳои вай аҷаб ҳамвору зич буда, ҳангоми поён шудан гўё ба мисли пардае чашмони зебои ўро аз нигоҳи бад панаҳ мекарданд.
Ман ботинан хурсанд будам, ки барои ҳамин хел як духтари нозанин овораам, фикр мекунам. Аммо «чӣ кор мекунем?» - гўён ба чашмони ман дуру дароз нигариста, имдод хостани вай маро бесаришта мекард. Чӣ бояд кард? Бори дигар ба хобгоҳ даромада, хонаҳоро тафтиш карда баромадам.
Ягонта духтар нест. Дар як зум ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида дидаму оқибат гуфтам:
– Ман як худам дар як хона, – бо хиҷолат ба чашмонаш нигоҳ накарда, чораи ёфтагиамро пешкаш кардам,- шумо дар кати ман хоб кунед...
– Чӣ-ӣ?... – якбора тори чашмонаш кашида шуду бо адоват ба ман нигариста, ду-се қадам ақиб рафт, ранги рўяш сап-сафед канд. – Одам гуфта... ман бовар кардаам… – намедонам вай чӣ гуфтанӣ буд, ки сухани даркорӣ ба забонаш наомаду бо изтироб даст афшонда ба роҳ афтод.
– Ҳой, истед! Гапро нафаҳмида... – ман тохта сари роҳашро гирифтам. – Чӣ гап шуд? Куҷо меравед? Ман гапи ганда нагуфтаам- ку?
– Бас, бас! Фаҳмидам. Безорам... Хобгоҳатон аз саратон монад, – аз алам якбора чашмонаш об гирифт, гиря гулугираш карду рафт.
Ман ҳайрон мондам, худ ба худ китф дарҳам кашидаму «аҷоиб» гуфтам.

пешина
аз 91
навбатӣ