Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ё дорам, роҳбарон дар клуб мардумро ҷамъ карданд. Лутфулло доир ба саҳми занҳо дар сохтмони сотсиалистӣ гап зад. Ман дар бораи институт, шўъбаҳои он, таҳсил ва ҳаёти донишҷўён, Даврию Назокат аз хусуси шароити хубе, ки барои духтарон фароҳам овардаанд, сухан гуфтем.
Матлаби мо ба институт ташвиқ, кардани духтарон, аммо дар клуб асосан, мўйсафедону мардони шаб ба чойхона баромадагӣ ва якта-нимта ҷавонон ғун гаштанд. Ҳамагӣ чор нафар аз духтарони имсол номаи камол гирифтагӣ бо исрори роҳбарон омада дар як гўша ғун шуда, хомўш менишастанд.
Ҳарчанд гуфтем, ки пештар омада бишинанд, садое набаромад. Ҳозирон чуруққӣ накарда гапҳои моро гўш карданду баъд дар охир «раҳмат додаро, раҳмат. Аз ҳам ин қадар раҳ мора гуфта омадед, раҳмат, сарамо ба осмон расид. Ба устодатон раҳмат, ба падару модаратон ҳазор раҳмат», гуфта миннатдорӣ карданд, баъзеҳояшон «ҳам ин гапатон пухта, сад фоиз дуруст, ҳамааш маъқул, додар», гўён таҳсин карданду пароканда шуданд.
Моро як нафар дастпарвари институтамон, ки ҳоло дар ин деҳа кор мекардааст, ба хонааш таклиф кард. Падари ў мўйсафеди аҷоиб баромад.
Чунон пири хушчақчақе, ки аз сўҳбаташ дил канда наметавонед. Бесавод бошад ҳам аз сиёсат, аз талаби давру замон хабардор, мантиқи суханонаш пухта, як пири зиндадил. Лутфулло аз озодии занҳо сухан сар карда, ҳанўз ҳам қисме дар ғафлат, аз таҳсил канор мондани занҳои ин ҷоро гўшзад кард. Гуфт, ки дар деҳа ҳамаи корҳои соягиро мардҳо гирифта, дар саҳро аксар занҳо кор мекунанд. Аммо ин даъвояш ба ҳақиқат ҷуфт наомад.
Мўйсафед ҷаҳондида будаст, гуфт: «Писарам, ҳам ин хел бошад ҳам, занҳои мо аз занҳои шаҳрат осудатаранд. Хайр, аҷаб не, нағз напўшанд, бамаза нахўранд, ба киною консерт нараванд, аммо биллои азим, осудаанд. Гўш кун, – пиракӣ ба нотиқи мо маҷоли даҳан кушодан намедод, – зан дар шаҳр баробари мард дар зовутай ё маҳкама кор мекунад. Боз ташвиши зиндагиаш, бачаю кача ба сараш сарборӣ. Ягон мард ҷомашўӣ мекунад?
Парпечи кўдакашро мешўяд? Не. Баъзе мардат хариди бозору магазина ҳам ба занаш насб кардагӣ. Бечора зана озод кардем гуфта худашона озод кардаанд! Ҳам кори давлат, ҳам пештар барин ташвиши зиндагӣ ба сараш...
Маънии озодии зан ин хел набудагист, додар! Хайр, агар зани бачадору рўзгордор ним рўз кори давлат мекард, гап дигар буд, – мўйсафед «суханам дуруст ё не» гуфтагӣ барин бо табассум аввал ба Лутфулло, сонӣ ба ҳар яки мо алоҳида-алоҳида нигарист. Сипас чойи пиёлаашро ҳўп кашид, лаби онро ба канори дастархон пок карда ба писараш доду суханашро давом намуд:
«Занҳои мо ҳам меҳнати кликтиф мекунанд, додар, – вай ин ибораи аз нутқи нотиқон ба гўшаш нишастаро ба тарзе гуфт, ки беихтиёр дар лаби ҳама табассум давид. – Бачааш кам ё каси кудакоша менигаштагӣ бошад, чаро дар хона бишнад, дар саҳро кор мекунад... Аммо панҷ бачая ба боғчаю яслӣ дода, зан чӣ кор ҳам мекунад?!.. Ҳа, гуфтӣ ки, – вай боз ба Лутфулло рў оварда, зонуи ўро бо дасташ нихта карда монд, – занҳои мамлакат қаҳрамон шуданд, фалон шуданд, бисмадон шуданд. Ба гумонат занҳои қишлоқ, даст пеш гирифта, хап шиштанд? Эҳ-ҳе-е, – мад кашид мўйсафед, – аз худи ҳамин Ҳалқасой агар ғалат накунам, ҳаштааш қаҳрамон аст. Агар дурусттар ковӣ, валло, аз бисоти ҳар яктааш як тоқӣ нишон меёбӣ. Рост не?» – Мўйсафед барои тасдиқи даъвояш писарашро шафеъ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё