Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дар ҳисоби астрономӣ ибтидои моҳ аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани ҳилол ва ҷудо гаштани он аз хатти буриши офтоб сар мешавад ва ибтидои рўзи якуми моҳ аксаран пеш аз завол шурўъ мегардад, дар ҳоле ки аз назари шаръ аз шаб сар мешавад ва вақте моҳи нав аз бегоҳ ва ё шаб дида шавад, фардои он аввали моҳ ба шумор меравад. Дидани он пеш аз завол эътиборе надорад ва бо он чизе собит намешавад.

Тафовути матлаъҳо

Аз назари ҷумҳури аҳли илм, аз ҷумла имом Абўҳанифа (рҳ), имом Молик (рҳ) ва имом Аҳмад (рҳ) вақте ҳилоли моҳи Рамазон дар сарзамине дида шуд, рўза бар тамоми мусалмонон дар сар то сари олам воҷиб мегардад, зеро рўи хитоб дар фармоиши Расули акрам (с):
«Бо дидани моҳи нав (дар ибтидои моҳи Рамазон) рўза бидоред ва бо дидани он (дар аввали моҳи шаввол) ифтор намоед» ба сўи тамоми мусалмонон аст. Тафовуте, ки дар матлаъ (моҳтоббаро)-и як сарзамин бо тулўъгоҳи сарзамин ва минтақаи дигар вуҷуд дорад, дар ин ҳукм таъсире надорад. Зеро бо тафовути чандсоатае, ки дар миёни матлаъҳо вуҷуд дорад, дар қурси моҳ ва гузариши шабу рўз таъсири ҷиддие ба вуҷуд намеояд.162 Назари дигаре дар ин маврид низ вуҷуд дорад, ки он аз дидгоҳи фиқҳии имом Шофеъӣ (рҳ) ва мувофиқонаш иборат аст ва дар он тафовути матлаъҳо ба эътибор гирифта шудааст. Аз назари инҳо вақте ҳилоли моҳи Рамазон дар сарзамине дида шуд, рўза танҳо бар аҳли он сарзамин ва мардуми сокини манотиқи ҳамҷавори он воҷиб мегардад.163 Зеро аз Курайб ривоят шудааст, ки Уммулфазл бинти Ҳорис ўро ба назди Муъовия дар Шом фиристод.

162 Дар «Радду-л-муҳтор» мефармояд: Ин зоҳири ривоят (дар мазҳаб) ва (қавли) мўътамад дар назди мо, моликиҳо ва ҳанбалиҳо аст. (Радду-л-муҳтор. – Ҷ. 3. – С. 325).
163 Ин назарро аз ҳанафиҳо имом Зайлаъӣ ва соҳиби «Файз» мавриди эътимод қарор додаанд. (Радду-л-муҳтор, ҳамон ҷо).

пешина
аз 190
навбатӣ