Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Худованд мефармояд: «Ва бо занони худ, дар ҳолате ки дар масҷид барои этикоф нишаста бошед, мубошират (ва наздикӣ) нанамоед».146 Эътикоф бояд дар масҷид ба таври пайваста – беинқитоъ анҷом дода шавад ва агар шахси мўътакиф бе зарурат қатъ намояд, масалан, соате ҳам аз масҷид хориҷ шавад, эътикофи ў фосид мегардад.
Агар дар масҷиде эътикоф нишинад, ки дар он намози ҷумъа намехонанд, метавонад бо фаро расидани рўзи ҷумъа барои адои намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ рафта ва баъди хатми намоз ба ҷои эътикофи худ баргардад.
Истодан дар масҷид рукни эътикоф ва се чиз шарт он аст: 1) Масҷиде, ки дар он намоз бо ҷамоат баргузор гардад, 2) нияти эътикоф ва 3) пок будан аз ҳайзу нифос ва ҷанобат. Бинобар ин, ҳеҷ навъи эътикоф ва ба қавли имом Абўюсуф (рҳ) эътикофи воҷиб дар масҷидҳои матрука – бенамоз дуруст намегардад147, ҳамчунин шахсе рўз то бегоҳ бе нияти эътикоф дар масҷид ба сар барад, он эътикоф ба шумор намеравад. Шахси ҷунуб ва занони дар ҳайзу нифос низ наметавонанд эътикоф бинишинанд, зеро покӣ шарти дуруст гардидани тамоми ибодатҳост.
Аз ҳама беҳтар он аст, ки эътикоф дар Масҷидулҳаром (атрофи хонаи Каъба), баъд аз он дар Масҷиди Набавӣ ва баъд аз он дар Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас ба ҷой оварда шавад, сипас дар масҷиди ҷомеъ ва ба дунболи он масҷиди маҳалла ва ҳар масҷиде, ки дар он ҷамоат бештар бошад.

146 Бахше аз ояти 187-уми сураи Бақара.
147 Манзур аз масҷидҳои матрука ба қавли Имомайн масҷидҳоест, ки имом ва муаззин надошта бошанд. Бинобар ин, масҷиде, ки имом ва муаззин дошта бошад, вале дар он намоз баъзе вақтҳо бо ҷамоат барпо шавад, эътикоф дар он ҷоиз аст. Аз назари имом Абўҳанифа (рҳ) дар масҷиде, ки намозҳои панҷвақта барпо дошта нашаванд, эътикоф ҷоиз нест.

пешина
аз 190
навбатӣ