Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Эътикоф бар се қисм аст

  1. Воҷиб, 2. суннат ва 3. мустаҳаб.
    а) Эътикофи воҷиб он эътикофи назрист. Шахсе назр намояд, ки эътикоф менишинад, хоҳ назри мутлақ, хоҳ назри вобаста ба шарте, эътикоф бар вай воҷиб мегардад. Масалан, вақте бигўяд: Агар бародарам аз сафар ба саломат бозгардад, даҳ рўз барои Худо эътикоф менишинам, ё ба таври мутлақ – бе зикри шарте назр намояд, ки барои Худо даҳ рўз эътикоф менишинам.
    б) Эътикоф нишастан дар даҳ рўзи охири моҳи мубораки Рамазон суннати муаккадаи кифоя аст. Агар як ва ё чанд нафаре дар масҷиди маҳалла ва ё ба қавли баъзе фақеҳон дар яке аз масҷидҳои шаҳр эътикоф бинишинанд, аз тамоми аҳли маҳалла ва он шаҳр соқит мегардад ва бо тарки он ҳама гунаҳкор мешаванд.148 в) Дар ғайри ин ду ҳолат эътикоф нишастан мустаҳаб аст.
    Барои эътикофи воҷиб рўза шарт аст. Бинобар ин, шахсе, ки эътикоф менишинад, рўза ҳам бояд бигирад.

148 Ҳар амал ва амре, ки расули Худо (с) бар он мувозабат варзида бошад, он суннати муаккада ба шумор меравад ва чун таркашро мавриди накўҳиш ва инкор қарор дода бошад ва ё ваъиде бар он мутараттиб гардида бошад, он воҷиб аст, вале агар он аз сўи баъзе саҳобагон тарк шуда ва мавриди накўҳиш ва инкори он ҳазрат (с) қарор нагирифта бошад, пас он суннати муаккада бар ваҷҳи кифоя аст. Эътикофи даҳаи ахири моҳи Рамазон аз ин қабил аст. Расули Худо (с) бар он мувозабат варзида ва ҳамсаронаш низ онро пас аз вафоти он ҳазрат (с) ба ҷой овардаанд, вале бар тарки он накўҳиш ва инкоре аз сўи паёмбар (с) ворид нашудааст. Ривоят шуда, ки расули Худо (с) бо ҷамъе аз саҳобагон даҳаи миёнаи моҳи Рамазонро эътикоф менишаст ва ҳамаи саҳобагонро ба он амр накарда буд.
Боре пас аз поёни эътикофи даҳаи миёна фармуд: «Касе бо ман эътикоф нишаста буд, даҳаи ахирро низ эътикоф бинишинад».
Ба ҳамин хотир, агар нияти эътикоф нишастан дар шабро (танҳо як шабро бе рўз) кунад, он ботил ва бекор аст, вале агар нияти эътикофи чанд шабро намояд, эътикофи он шабҳо бо рўзҳояшон ба таври пайваста бар вай воҷиб мегарданд.
Вақте нияти эътикоф нишастан дар рўзро намояд, шаб табъан дар он дохил мешавад ва бояд рўзро бо шабаш бинишинад, вале касе нияти танҳо як рўз эътикоф нишастанро намояд, шабро дар бар намегирад.
Касе ба тариқи назр ду рўз эътикоф ва ё бештар аз онро бар худ воҷиб гардонад, шабҳояш низ дар он дохил мешаванд ва бояд он ду рўзро бо шабҳояш ба таври пайваста эътикоф бинишинад. Шаби аввал пеш аз ғурўби офтоб бо нияти эътикоф ба масҷид дохил мешавад ва дар рўзи охири эътикоф пас аз ғурўб аз он хориҷ мешавад. Шабҳо тобеи рўзҳои оянда мебошанд. Агар эътикофи танҳо як рўзро назр намояд, онро пеш аз дамидани субҳ шурўъ мекунад ва пас аз нишасти офтоб ба поён мерасонад. Эътикофи даҳаи ахири моҳи Рамазонро пеш аз ғуруби офтоби рўзи бистум – пеш аз шоми шаби бистуякум сар мекунад ва пас аз дамидани субҳи рўзи ид ба поён мерасонад. Агар моҳи Рамазон бисту нўҳ бошад, нўҳ шабонарўз ва агар сӣ бошад, даҳ шабонарўзи комил эътикоф менишинад.
Тавсияҳои суннати набавӣ ба дучанд намудани талошҳои хайр ва тоату ибодат дар он бо эҳёи шабҳояш ба зикру ибодат, тиловат ва мудорасаи Қуръони карим, зиёд намудани амалҳои нек ва дигар осори мусбат таъкид намудааст.
Дар эътикофи суннат бошад, дигар даҳаи охири моҳи Рамазон аст, рўза ҳатман ҳаст ва шарт донистани рўза дар он маъное надорад, зеро онро бе рўза тасаввур кардан имкон надорад.
Барои камтарин муддати эътикофи мустаҳаб миқдори вақт муайян нагардидааст ва дар он рўза ҳам шарт нест, он метавонад як рўз, нисфи рўз, як соат ва ё камтар аз он ва ҳатто чанд лаҳзае ҳам бошад.

пешина
аз 190
навбатӣ