Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ҳамчунин, аз ин ривоятҳо бармеояд, ки шаби Қадр дар он сол ба шаби бисту якуми моҳи Рамазон рост омада буд.
Шоёни зикр аст, ки суннати эътикоф ҳамроҳ бо фарзияти моҳи Рамазон шурўъ гардидааст. Расули Худо (с) дар ибтидо дар даҳаи аввал, сипас дар даҳаи миёна ва дар ниҳоят дар даҳаи ахири моҳи Рамазон эътикоф менишаст ва эътикофи даҳаи ахирро то поёни умраш идома додааст. Пас аз вай ҳамсаронаш низ ин суннатро ба ҷой меоварданд.

Тариқаи эътикоф нишастан

Эътикоф дорои одобу мустаҳаббот, воҷибот ва як силсила муқаррароте мебошад, ки бояд мавриди риоя қарор гиранд. Онҳоро аз китоби «Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» ба таври пурра зикр менамоем.
Эътикоф иборат аст аз макс (нишастан) ва рўза гирифтан ба нияти ибодати Худованд дар масҷид ва камтарин муддати он як рўз аст.
Эътикоф дар ҳар замоне, ки рўза гирифтан дар он ҷоиз бошад, дуруст ва қобили таҳаққуқ аст, вале беҳтарин замон барои эътикоф моҳи мубораки Рамазон, махсусан даҳ рўзи охири ин моҳ аст, ки дар он эътикоф суннати муаккада мебошад, зеро Расули Худо (с) онро пайваста анҷом додааст.
Дар шаръи муқаддаси Ислом асли эътикоф мустаҳаб аст, аммо ҳар гоҳ касе назр намояд, ки эътикоф менишинад, эътикоф бар вай воҷиб мегардад. Ҳар гоҳ назр намояд, ки чанд рўзи муайян эътикоф менишинад, лозим аст як ҷо ва пай дар пай онро ба ҷо оварад.

Дар шабҳои эътикоф хўрдану нўшидан ҷоиз мебошад, вале муоширати заношавҳарӣ ва наздикӣ бо занон: ҳамбистарӣ намудан, ламс (молиш) кардан ва ё бо шаҳват бўсидан барои шахси дар эътикоф ҳаром аст.

пешина
аз 190
навбатӣ