РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Мусалмонони садри Ислом азамати фаризаҳои илоҳӣ ва он хайру баракатеро, ки Худо дар онҳо ниҳодааст, хуб дарк мекарданд ва иззату шараф ва сарбаландии худро дар сояи анҷоми онҳо медиданд.
Бинобар ин, вақте ба сўи амре фаро хонда мешуданд, дилҳояшон аз шавқи бандагӣ ба ваҷд меомад ва агар бо сабабе имкони иштирок дар онро намеёфтанд, ашки ҳасрат мерехтанд. Ривоят шудааст, ки боре гурўҳе аз мусалмонон, ки василаи саворӣ ва имконоти иштирок дар ғазваеро7 наёфтанд ва Расули Худо (с) низ натавонист онҳоро муҷаҳҳаз намояд, аз назди он Ҳазрат (с) бо дили пур аз ҳасрат ва дидаи гирён баргаштанд. Қуръони карим рўҳиёти баланд, дарки шукўҳи аҳкоми Ислом аз сўи онҳо ва он ҳолати андўҳбореро, ки онҳоро ба сабаби адами имкони ширкат дар ғазо фаро гирифта буд, чунин баён медорад: «… гуфтӣ: Чизе, ки шуморо бар он ҳамл намоям, намеёбам, дар ҳоле (аз назди ту) баргаштанд, ки чашмонашон дар ғами ин ки чизе барои инфоқ (дар роҳи ширкат дар ғазо) наёфтаанд, аз ашк пур гашта буд».8 Ин ғаму андўҳ онҳоро барои наёфтани имкони ширкат дар ғазо фаро гирифта буд, пас рўҳиёти баланд ва шавқу шўре, ки онҳоро барои истиқболи моҳи Рамазон ва ё ибодатҳои дигар фаро мегирифт, васфнопазир аст.
Онҳо аз моҳи раҷаб барои истиқболи моҳи Рамазон омодагӣ медиданд. Ривоят шудааст, ки вақте моҳи раҷаб фаро мерасид, Расули Худо (с) дуъо мекард: «Худоё, барои мо дар моҳи раҷаб ва шаъбон баракат ато фармо ва моро ба моҳи Рамазон бирасон!».9
7 Ғазва -/ҳо; ғазавот/: номи ҷангҳо ва муҳорибаҳои Расули акрам (с) бо кофирон; ҷангу мубориза дар роҳи дин. Ғазо низ ба ҳамин маъност.
8 Сураи Тавба, 9: 92.
9 Маҷмаъу-з-завоид, 4774. – Ҷ. 3. – С. 255.
Атия Муҳаммадсолим, Рамазониёт аз Китоб ва суннат. – С. 5. – Мадинаи мунаввара: Мактабату дори-т-турос, 1408 ҳ. (1988). Минбаъд: Рамазониёт.
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки мусалмонон моҳи Рамазонро бо орзуҳои нек ва ин дуъо пешвоз мегирифтанд: «Бор Худоё, инак моҳи Рамазон бар сари мо соя афкандааст, пас онро барои мо ва моро барои он саломат бидор, рўзаву қиёми онро бароямон рўзӣ бигардон ва ба мо дар ин моҳ баҳрае аз ҷидду ҷаҳд ва кўшишу боландагӣ ато фармо ва моро дар он аз фитнаҳо эмин бидор!».10 Ҳатто Расули Худо (с) дар моҳи шаъбон барои омодагӣ ба моҳи Рамазон аз дигар моҳҳо бештар рўза медошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё