Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ба аъмоли нек ва рақобатҳои хайри шумо дар ин моҳ назар меафканад ва бо шумо дар миёни фариштагонаш ифтихор менамояд. Пас аз худ хайру некиро ба Худованд нишон диҳед. Бадбахти воқеӣ ҳамон касест, ки дар ин моҳ аз раҳмати Худованди азза ва ҷалл маҳрум гардад».5 Пас бояд бандаи мўъмин ба истиқболи ин моҳи муборак пешакӣ омода гардад, то аз ин хони раҳмат ва моидаи6 густардаи Худованд ҳарчи беҳтару бештар истифода намояд. Одамон барои истиқболи ҷашнҳои бузург ва муносибатҳои хос муддатҳо қабл ва дар сатҳҳои гуногун омодагӣ мебинанд. Вале барои бандаи мўъмин кадом муносибат ва ҷашне бузургтар аз меҳмонии Худованд дар моҳи Рамазон мебошад, моҳе, ки бо он ҳама баракот ва азамати худ нуқтаи таҳаввуле дар сарнавишти башарият ва сароғози зиндагонии нави инсон гардид?.

Ҳама меҳмони султони вуҷудем,
Хушо бар суфраи эҳсонат, эй моҳ!

Бандаи мўъмин дар ин моҳ ба истиқболи нуру баракат меравад. Вай дар ин суфраи илоҳӣ накҳати маонии Қуръонро мебўяд ва аз таровати неъматҳо ва баракоти он домани маънавиёташро пур менамояд.

Сунани Насоӣ, 2096, 2097, 2098, 2099, 2100, 2101, 2102). Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
5 Маҷмаъу-з-завоид, 4783. – Ҷ. 3. – С. Табаронӣ онро дар Мўъҷаму-л-кабир аз Убода ибни Сомит (р) ривоят намудааст. Доктор Ваҳба Зуҳайлӣ, Алфиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу. – Ҷ. 3. – С. 1620.
Димишқ: Дорулфикр, 1428 ҳ. (2007). Минбаъд: Фиқҳи исломӣ.
6 Моида -/ҳо/: дастархони пур аз неъмат.

пешина
аз 190
навбатӣ