Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аз Соиб ибни Язид низ ривоят шудааст, ки: «Дар замони Умар ибни Хаттоб мардум дар моҳи Рамазон (намози шабро) бист ракъат мегузоштанд».129 Байҳақӣ низ дар Алмаърифа аз Соиб ибни Язид ривоят карда:
«Дар замони Умар ибни Хаттоб (р) бо бист ракъат ва намози витр қиём мекардем».130 Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо на дар моҳи Рамазон ва на дар ғайри он аз ёздаҳ ракъат зиёд намегузошт. Аввал чор ракъат мегузошт, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс, боз чор ракъати дигар мегузошт, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс. Сипас се ракъат мегузошт…».131 Манзур аз ёздаҳ ракъат ҳашт ракъат намози қиёми шаб ва се ракъат витр мебошад.
Аммо бузургони мазҳаби ҳанафӣ ва аксари аҳли илм ин ҳадисро ба қиёми шаби ҳамешагии он Ҳазрат (с), ҳам дар моҳи Рамазон ва ҳам дар ғайри он, марбут донистаанд, вале бо истинод ба аҳодиси қавлии воридшуда дар бораи қиёми шаб ва амалкарди саҳобаи киром дар моҳи Рамазон ҳаср ва маҳдудияте дар адади ракъатҳои қиёми моҳи Рамазон ва он намозе, ки бо номи таровеҳ шинохта мешавад, ба он сурате ки дар ҳадиси боло зикр шудааст, надидаанд. Зеро агар аз ин ҳадис ҳасри ракъатҳои қиёми моҳи Рамазон ва намози таровеҳ низ бардошт мешуд ва адади ракъатҳои он бо феъли он Ҳазрат (с), ҳамон гуна ки дар ҳадиси фавқ омадааст, собит мешуд, ҳеҷ гоҳ саҳобагони киром бар хилофи он амал ва иттифоқ намекарданд.
Илова бар ин, ин кори онҳо дар замоне сурат гирифта буд, ки Оиша (р) дар қайди ҳаёт буд ва ба он мухолифате нишон надод. Пас маълум мешавад, ки манзури ҷумҳури саҳобагон аз ҳадиси Оиша (р) ҳамон намози ҳамешагии шаб аст, на ҳасри адади ракъатҳои намози қиёми моҳи Рамазон ва намози таровеҳ.
Аз сўи дигар, маҷмўи ривоятҳои собитшуда дар ин бора – ривояти Оиша (р), ривояти Ҷубайр ибни Нуфайр ва ривояти Абўзар бо сароҳат далолат доранд, ки ончи Расули Худо (с) дар шабҳои моҳи Рамазон бо ҷамоат барпо дошта, ҳамон намози шаб аст ва Паёмбар (с) ба ҷуз онҳо намози дигаре дар он шабҳо нагузоридааст, вале бо хеле тафовут.

129 Сунани Куброи Байҳақӣ, 4393. – Ҷ. 2. – С. 496. Нававӣ дар «Хулоса» исноди онро саҳеҳ гуфтааст.
130 Фатҳу-л-қадир. – Ҷ. 1. – С. 485.
131 Саҳеҳи Бухорӣ, 1147, 2013, 3569.

пешина
аз 190
навбатӣ