РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Расули Худо (с) ин шаб низ ба масҷид рафт ва мардум ҳамроҳаш намоз гузоштанд.
Шаби чорум масҷид дигар намозгузоронро набурд, (вале Расули Худо (с) он шаб ба наздашон набаромад, балки саҳар) барои намози субҳ баромад. Пас аз адои намози бомдод… ба мардум гуфт: Ҳузури шумо бароям пўшида набуд, вале хавф бурдам, ки ин намоз низ бар шумо фарз гардад ва аз адои он оҷиз гардед». Расули Худо (с) вафот кард ва кор бар ҳамин буд.123 Чӣ тавре мебинем, Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон танҳо се шаб намозро дар масҷид бо ҷамоат барпо доштааст ва ба ин андеша, ки мабодо намози шаб дар моҳи Рамазон бар умматаш фарз гардад ва онҳо аз анҷоми он оҷиз оянд, дигар онро ҳамроҳи мардум нагузоштааст.
Бар асоси ривоятҳои дигар Расули Худо (с) танҳо дар се шаби тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон намози таровеҳро дар масҷид бо ҷамоат барпо доштааст. Нўъмон ибни Башир аз болои минбари шаҳри Ҳумс фармуд: «Шаби бисту сеюми моҳи Рамазон ҳамроҳи Расули Худо (с) то як ҳиссаи шаб ба намоз истодем, дар шаби бисту панҷум то нимаи шаб ва дар шаби бистуҳафтум то ҷое ба намоз истодем, ки хавф бурдем саҳарихўрӣ моро фавт мегардад».124 Дар ривояти Ҷубайр ибни Нуфайр аз Абўзар низ ҳамин маъно бо дигар лафз таъкид гардидааст ва танҳо ин илова дар он омадааст, ки: «Дар шаби бистуҳафтум он Ҳазрат (с) аҳли хонавода ва ҳамсаронашро низ ҷамъ намуд. Шаби бистучаҳорум ва бистушашум ҳамроҳи мо таровеҳро нахонд. Пас аз бистуҳафтум низ таровеҳро ҳамроҳи мо барпо надошт».125
Мардум дигар намози таровеҳро ё дар хонаҳояшон ва ё ба таври танҳогузор ва низ дар ҷамоатҳои пароканда дар гўшаҳои масҷид мехонданд.
Ин ҳолат дар замони хилофати ҳазрати Абўбакр (р) ва ибтидои хилофати ҳазрати Умар (р) низ идома ёфт. Пас аз он ҳазрати Умар (р) мардумеро, ки дар гўшаҳои масҷид танҳо-танҳо ва ё дар ҷамоатҳои пароканда намози таровеҳ мегузоштанд, ба як имом ҷамъ сохт.126 Аз он таърих ба баъд намози таровеҳ ва ҳамчунин намози витр дар моҳи Рамазон бо ҷамоат барпо дошта мешаванд.
Аз он рўзе, ки Умар (р) мардумро дар намози таровеҳ ба як имом ҷамъ намуд, дигар ба ҳамон ҳолат боқӣ монда ва хулафои баъдӣ – Усмон (р) ва Алӣ (р) ва мусалмонон ба он идома додаанд. Бинобар ин, намози таровеҳ дар моҳи Рамазон суннати муаккада мебошад. Аз Абўюсуф (рҳ) ривоят шуда, ки Абўҳанифаро дар бораи намози таровеҳ ва ончи Умар (р) анҷом дода буд, пурсидам. Гуфт: Таровеҳ суннати муаккада аст, онро Умар (р) ба таври тахминӣ ва аз пеши худаш набаровардааст, ба он амр накарда, магар аз рўи асле, ки дар наздаш буда ва бо аҳде аз Расули Худо (с). Умар (р) дар ҳоле мардумро бар Убай ибни Каъб гирд овард ва ў онро бо ҷамоат гузорид, ки саҳобагон аз муҳоҷирон ва ансор бисёр буданд ва ҳеҷ касе аз онҳо бар вай эътироз накард, балки баръакс, бо вай мувофиқа ва ўро дар ин кор мусоидат намуданд.127 Таровеҳ ҷамъи тарвеҳа ба маънои андаке дам гирифтан дар миёни ҳар чаҳор ракъати намоз мебошад.
Дар садри Ислом намози таровеҳро мардум бо оҳистагӣ, тааммул дар оятҳо ва бо хушўи комил ба ҷой меоварданд ва пас аз ҳар чаҳор ракъати он андаке дам мегирифтанд. Имрўзҳо низ намози таровеҳ суратан бо ҳамон меъёр ба ҷо оварда мешавад, вале ягона чизе, ки камтар ба он таваҷҷўҳ мегардад, ҳамон оҳистагии зарурӣ, ҳолати тааннӣ ва хушўи дар намоз мебошад, ки рўҳи намозро ташкил медиҳанд.
Адади ракъатҳои намози таровеҳ
Асли намози таровеҳ ба ҳамон сурате ки зикр шуд, аз расули Худо (с) собит шудааст, вале дар бораи адади ракъатҳои он аз он Ҳазрат (с) ривояти саҳеҳе собит нагаштааст. Вале аз саҳобагон, ба хусус аз намози таровеҳе, ки Умар (р) бо имоматии Убай ибни Каъб (р) баргузор намуд ва ҳамчунин аз тобеин осор ва ривоятҳои гуногуне ворид шудааст, ки аксаран бист ракъат будани адади ракъатҳои онро мавриди таъйид қарор медиҳанд.
Пешвоёни мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат: имом Абўҳанифа (рҳ), имом Шофеъӣ (рҳ), имом Аҳмад (рҳ) ва дар қавле аз имом Молик (рҳ) низ бо такя бар ҳамин осор ва ривоятҳо бист ракъат гузоридани онро тарҷеҳ додаанд. Аммо бар асоси зоҳири ривоят дар мазҳаби имом Молик (рҳ) он сию шаш ракъат аст.
Имом Молик (рҳ) дар Муваттаъ аз Язид ибни Румон ривоят мекунад, ки: «Мардум дар замони Умар ибни Хаттоб (р) қиёми шабро бистусе ракъат ба ҷо меоварданд».128 Вай дар ин ҷо се ракъати витрро низ дар назар доштааст.
123 Саҳеҳи Бухорӣ, 729, 924, 1129, 2011, 2012, 5861; Саҳеҳи Муслим, 1780 (761)-177, 1781 (761)-178; Сунани Абўдовуд, 1373.
124 Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С. 286.
125 Сунани Абўдовуд, 1375; Сунани Тирмизӣ, 806; Сунани Насоӣ, 1364; Сунани Ибни Моҷа, 1327. Тирмизӣ қайд мекунад, ки дар ин боб аз Оиша (р), Нўъмон ибни Башир (р) ва Ибни Аббос (р) низ осоре ривоят шудааст.
126 Абдурраҳмон ибни Абдун ал-Қорӣ мегўяд: «Дар яке аз шабҳои моҳи Рамазон ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб (р) ба масҷид рафтем ва дидем, ки мардум ба таври пароканда – баъзе танҳогузор ва гурўҳе ба намозгузоре иқтидо карда, намоз мехонанд. Умар (пас аз мушоҳидаи ин вазъ) фармуд: Фикр мекунам, агар онҳоро ба як қорӣ (ва имом) ҷамъ намоям, беҳтар аст. Он гоҳ ҳамаро аз пушти Убай ибни Каъб ҷамъ намуд. Шаби дигар ҳамроҳи ў хориҷ шудам ва дидем, ки мардум аз пушти имомашон намоз мегузоранд. Умар фармуд: Чӣ бидъат (ва равиш)-и хуберо асос гузоштем. Ва намозе, ки аз он хобашон мебарад, аз ин намозе, ки барпо медоранд, беҳтар аст. Манзураш намози охири шаб буд, мардум бошанд, дар аввали шаб қиём мекарданд. (Саҳеҳи Бухорӣ, 2010).
127 Фатҳу-л-қадир. Ҷ. 1. С. 486; Алмавсўату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. Ҷ. 27. С. 138.
128 Муваттаи имом Молик, 252. – Ҷ. 1. – С. 115.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё