Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Яке аз суннатҳои муаккада дар моҳи Рамазон намози таровеҳ аст ва вақти он пеш аз намози витр ва ё баъд аз он аст. Ин намоз аз бист ракъат иборат буда, ҳар ду ракъати он бо як салом адо мешавад ва мустаҳаб аст баъд аз адои ҳар чаҳор ракъат миқдоре бинишинад.
Намозгузорон дар моҳи мубораки Рамазон баъд аз намози хуфтан намози таровеҳро бо ҷамоат мехонанд ва намози витрро низ дар ин рўзҳо бо ҷамоат адо менамоянд. Бояд гуфт, ки ба ғайр аз моҳи Рамазон намози витр дар вақтҳои дигар бо ҷамоат хонда намешавад.

Таърихчаи пайдоиши намози таровеҳ

Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд».121 Расули Худо (с) аз дунё гузашт ва кор ба ҳамин сурат боқӣ монд. Дар замони хилофати ҳазрати Абўбакр (р) ва ибтидои даврони Умар (р) низ ҳамин ҳолат ҳифз гардид.122 Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) шабе (дар моҳи Рамазон) нимашаб ба масҷид рафт ва дар он ҷо намоз гузорид. Мардуме, ки дар он ҷо буданд, ба вай иқтидо намуда, намоз гузориданд. Вақте субҳ шуд, онҳо дар бораи намози шабашон ба мардум хабар доданд.
Шаби дигар одами бештаре ҷамъ шуда ва ҳамроҳи он Ҳазрат (с) намоз гузоштанд. Боз субҳ хабар ба мардуми бештаре расид ва дар шаби сеюм аҳли масҷид зиёд гардиданд.

121 Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009.
122 Саҳеҳи Бухорӣ, 2009; Саҳеҳи Муслим, 1777 (759)-174; Сунани Абўдовуд, 1371; Сунани Тирмизӣ, 808; Сунани Насоӣ, 2103, 2197.

пешина
аз 190
навбатӣ