РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Тафовути аввали он аз намози муқаррарии он Ҳазрат (с) дар шабҳои берун аз Рамазон, ҳамон гуна ки дар ривояти Ҷубайр ва Абўзар омадааст, он аст, ки паёмбар (с) аз ҳиссаи аввали шаб ба он пардохтааст. Фарқи дуюм он аст, ки он дар шаби сеюм то охири шаб – наздик ба дамидани субҳ идома ёфтааст, дар ҳоле ки намози шаб дар ғайри моҳи Рамазон дар ҳиссае аз шаб ва бештар дар ҳиссаи охири он барпо дошта мешуд.
Аз маҷмўи ин ривоятҳо ва ҳамин тавр амалкарди саҳобагон дар замони Умар (р) бармеояд, ки таровеҳ ҳам ҳамон намози шаб аст, вале бо тафовути ошкоре.
Пас ҳарчанд дар бораи шумори ракъатҳои намози шаб дар ғайри моҳи Рамазон аз паёмбар (с) адади муайян, вале мутафовите ривоят шуда бошад ҳам, вале чун он намози нофила буда ва ба таври ихтиёрӣ ба ҷой оварда мешуд, шахси намозгузор дар адади ракъатҳои он низ мухайяр будааст ва дар ниҳоят аз сўи халифаи дуюм Умар (р) дар бист ракъат қарор дода шудааст. Сухани худи Умар (р) дар ривояти Абдурраҳмон ибни Абдун ал-Қорӣ: «ва намозе, ки дар охири шаб барпо медоштанд, аз ончи ҳоло анҷом медиҳанд, беҳтар аст» низ маънои фавқро таъйид менамояд.
Дар ривояти саҳеҳи дигаре аз Соиб ибни Язид дар Муваттаъ омадааст: Умар ибни Хаттоб Убай ибни Каъб ва Тамими Дориро амр кард, ки бо мардум ёздаҳ ракъат бигузоранд ва (ровӣ) гўяд: Қорӣ сураҳои садоятаро қироат мекард, то ки аз тўли қиём бар асоҳо такя мекардем ва (аз намоз) барнамегаштем, магар дар наздикиҳои субҳ.132
Дар Мусаннафи Абдурраззоқ бо санади саҳеҳ аз Соиб ибни Язид ривоят шуда: Умар мардумро бар Убай ибни Каъб ва Тамими Дорӣ бар бисту як ракъат ҷамъ кард, ки сураҳои садоятаро қироат мекарданд ва (аз намоз) дар наздикиҳои субҳ бармегаштанд.133 Дар ин ривоятҳои Соиб ибни Язид охири шаб қайд шуда, дар ҳоле ки дар ривояти Абдурраҳмон ибни Абди Қорӣ дар Саҳеҳи Бухорӣ аввали шаб гуфта шудааст.
Пас бо ҷамъбандии ин ривоятҳо ба ин натиҷа мерасем, ки дар замони Умар (р) ду ҳолат вуҷуд дошта: Намози шаб дар моҳи Рамазон – таровеҳ гоҳе дар нимаи охири шаб ва гоҳе дар нимаи аввали шаб гузорида мешуд ва онро дар ибтидо бо витр ёздаҳ ракъат мегузориданд ва дар он сифати намози паёмбар (с)-ро, аз тўли қиём ва тўли рукуъу суҷуд риоя мекарданд ва дар охир бо тахфифе дар қиёму қироат онро ба ғайри витр бист ракъат мегузориданд.
Пас таъйини адади ракъатҳои он дар бист ракъат агар бо иҷтиҳоди халифаи рошид Умар (р) ва таъйиди оммаи саҳобагон сурат гирифта бошад ҳам, касе ҳаққи мухолифат бо онро надорад, зеро пайравӣ аз суннати хулафои рошид, бо насси шаръӣ – ҳадиси паёмбар (с) собит шудааст.134 Пас ҳарчанд ба андешаи баъзе муҷтаҳидон ва пешвоёни Ислом аз бист ракъат бештар ва ё камтар гузоридани он низ ҷоиз дониста шуда, вале бар асоси тадовули уммат ҷумҳури аҳли суннат бист ракъат будани онро тарҷеҳ додаанд.
132 Муваттаи имом Молик, 251. – Ҷ. 1. – С. 115.
133 Мусаннафи Абдурраззоқ, 7730. – Ҷ. 4. – С. 260. Ривояти бист ракъат будани намози таровеҳ илова бар ривояти Соиб ибни Язид бо шавоҳиди дигаре аз саҳоба, тобеин ва аиммаи дин таъйид шудааст. Аз Ато бо санади саҳеҳ ривоят шуда: Мардумро дар ҳоле дарёфтам, ки таровеҳро бо витр бисту се ракъат мегузориданд (Мусаннафи Ибни Абушайба. – Ҷ. 2. – С. 393).
134 Ишора ба ҳадисе аст, ки Паёмбари акрам (с) дар бахше аз он мефармояд: «Касе пас аз ман зинда монад, ихтилофи бисёре мебинад. Пас суннати ман ва суннати хулафои рошид (ва) роҳёфтаи маро бар худ лозим бигиред, ба он тамассук биҷўед ва онро бо дандонҳо бидоред!…». (Сунани Абўдовуд, 4607; Сунани Тирмизӣ, 2676).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё