РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд.
Нузули дафтари ишқу суъудаш,
Шаби қадр аст дар давронат, эй моҳ!
Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост. Худованд мефармояд:
«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».88 Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рўзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пўшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё