РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Дар панҷ ҳолати он: беморӣ, сафар, ҳайзу нифос, ҳомилагию ширдиҳӣ ва гуруснагию ташнагии сахт пас аз бартараф гардидани узрҳои номбурда қазои рўза бар шахс воҷиб аст. Аммо дар ҳолати пирӣ ва ҳамин тавр беморие, ки дигар ба беҳбудии бемор умеде нест, бар шахс танҳо фидя воҷиб мегардад ва қазое бар вай нест.
8. Дар шабҳои моҳи Рамазон тамоми мамнўоти зоҳирии рўза бардошта шудаанд ва барои рўзадор пас аз фурў рафтани офтоб то дамидани субҳ хўрдану нўшидан ва наздикӣ бо занон ҷоиз аст. Вале барои шахси мўътакиф наздикӣ бо занон мамнўъ мебошад. Зеро вай ибодати дигареро бо номи эътикоф бар рўзаи моҳи Рамазон афзудааст, ки он талабот ва аҳкоми худро дорад ва наздикӣ бо занон онро фосид месозад.
Одоб ва мустаҳаббот
-
Худдорӣ аз беҳудагӣ, бадзабонӣ ва бадрафторӣ.
Зеро худдорӣ аз хостаҳои шикаму фарҷ камтарин ва ё маҷмўаи зоҳирии мамнўоти рўзаро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки ҳадафи асосии рўза расидани ба тақво ва худсозии шахси рўзадор аст ва ин маҷмўа вақте барои рўзадор ҳосил мешавад, ки қадамҳои барҷастае дар раванди худсозӣ ва такомули ҷанбаҳои инсонии худ бардорад. -
Ҷидду ҷаҳд дар дуъову ибодат, тиловати Қуръон ва дигар амалҳое, ки дар ташаккули ҷавҳари шахсияти инсон таъсири бевоситае доранд. Зеро ин моҳ фурсати нотакрор ва лаҳзаҳои муносиберо барои қабули дуъову ибодат ва дигар амалҳои нек дар ихтиёри ў мегузорад ва Худованд иҷобати дуъо, ибодатҳо ва дигар аъмоли бандаро дар ин моҳ кафолат додааст.
-
Таъҷили ифтор ва таъхири саҳариҳўрӣ низ аз ҷумлаи суннатҳои Расули Худо (с) ва беҳтарин одоби фаризаи рўза дар Ислом ҳастанд ва рўзаи мо аз рўзаи умматони пешин бо ҳамин чизҳо фарқ мекунад.
-
Пеш аз намози шом кушодани рўза низ аз ҷумлаи суннатҳои Расули Худо (с) дар ин моҳ мебошад.
-
Дар саҳарҳои моҳи Рамазон бо пайравӣ аз суннати Расули Худо (с) ва ба хотири баракат чизе, ҳарчанд ҷуръаи обе ҳам бошад, хўрдан.
-
Эътикофи даҳаи охирро барои сафои бештари рўҳ ва тазкияи нафс ғанимат донистан.
-
Ҳангоми ифтор ва саҳарихўрӣ бояд дар хўрдану нўшидан меъёр ва андозаи муайяне риоя гардад, зеро пурхўрӣ на аз назари шаръ матлуб ва писандида аст ва на аз назари тиб.
Вақте инсон пурхўрӣ мекунад, тамоми бадан дар ҳамоҳангӣ бо дастгоҳи ҳозима муддате ба таври тоқатфарсо ва болотар аз доираи тавонаш ба ҳазм, коркард ва қабули ҳаҷми зиёди маводи хўрокӣ машғул мегардад ва ин ҳолат дар айни ҳоле ки ба саломатии инсон дар маҷмўъ зарар дорад, ўро аз пўёӣ ва боландагии рўҳӣ низ бозмедорад.
Оре, намози таровеҳ барои ба эътидол даромадани вазъи чунин одамон василаи хубе мебошад, вале одаме, ки аз шиддати пурхўрӣ ба зўр хаму рост мешавад ва худро аз орўғу дамиши шикам ба ҳоле нигаҳ медорад, дигар чӣ баҳрае аз маънавиёти намоз ба даст меоварад.
Шаби Қадр
Дўш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
Бехуд аз шаъшаъаи партави зотам карданд,
Бода аз ҷоми таҷаллии сифотам доданд.
Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,
Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.
(Ҳофизи Шерозӣ, Ғазалиёт, 183)
Дар Тарчумону-л-Қуръони Ҷурҷонӣ шаби Қадр шаби андоза кардани корҳо гуфта шуда ва соҳиби Кашшофу истилоҳоти-л-фунун оварда: Шаби Қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад ва дар ат-Тафҳими Берунӣ омада: Ва андар моҳи Рамазон лайлатулқадр аст, он-к ҷалолат ӯро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷӯянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё