РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Адӣ ибни Ҳотим (р) ривоят
мекунад: Вақте ояти «Бихўред ва бинўшед, то вақте
риштаи сафеди шаб аз риштаи сиёҳ бароятон маълум
шавад» нозил шуд, як риштаи сафед ва як риштаи сиёҳро дар зери болиштам гузоштам ва (барои муайян намудани дамидани субҳ) ба онҳо нигоҳ кардам, чизе бароям маълум нашуд. Инро барои Паёмбар (с) нақл кардам, он Ҳазрат (с) хандид ва гуфт: «Вақте риштаи сафед ва сиёҳ дар зери болиштат бошанд, пас он хеле паҳну дароз будааст. Он гоҳ фармуд: Не, балки он сиёҳии
шаб ва сафедии рўз аст».82
Дар ривояти дигар омадааст, ки ояти мазкур нозил
шуд ва ибораи «мина-л-фаҷри» ҳанўз нозил нашуда
буд. Одамоне буданд, ки вақте касе аз онҳо мехост рўза
бигирад, дар пояш риштаи сафед ва риштаи сиёҳеро мебаст ва ҳамчунон мехўрд ва менўшид, то он ки пас аз
равшан шудани ҳаво риштаи сафед аз риштаи сиёҳ барояш маълум гардад. Пас аз он Худованд вақте ибораи
«мина-л-фаҷри»-ро нозил кард, он гоҳ донистанд, ки
шаб ва рўзро дар назар доштааст.83
Дар охир Қуръони карим бо таъкид мефармояд, ки
инҳо ҳама ҳудуд ва мамнўоти Худованд мебошанд, ба онҳо наздик нашавед ва ба ҳамин сурати фаҳмову равшан Худованд оятҳои худро барои мардум баён менамояд, то онҳо роҳи тақворо дар пеш гиранд.
82 Саҳеҳи Бухорӣ, 1916, 4509, 4510; Саҳеҳи Муслим, 2528 (1090)-33.
Яке аз ҳақоиқи раднопазири таърихӣ он аст, ки Қуръони карим ба ҳамон андозае, ки дар таҳкими пояҳои забони арабӣ ва пурбор намудани захираи луғавии мусалмонони садри Ислом хидмат намудааст, бештар аз он дар ғановати фарҳангӣ ва бой гардонидани захираи луғавии наслҳои баъдии уммати Ислом хидмат кардааст. Қуръон ва суннат усул ва таҳдоби тамаддуни исломиро ба вуҷуд оварда, чӣ тавре дар ташаккул ва ба вуҷуд овардани забони ягонаи арабӣ нақши созанда доштаанд, ба ҳамон андоза дар ташаккул ва ба вуҷуд овардани забони форсӣ – тоҷикӣ нақш доранд.
Пас ҳифз ва татбиқи арзишҳои қуръонӣ паҳлўҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро рушд медиҳад ва ҳифз ва ба хотир супоридани оятҳо ва сураҳои он пасандози луғавии шахсро низ ғанӣ мегардонад.
83 Саҳеҳи Бухорӣ, 1917, 4511; Саҳеҳи Муслим, 2530 (…)-35.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё