Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

«Инҳо ҳудуд (ва мамнўоти) Худо мебошанд, ба онҳо наздик нагардед. Ҳамин тавр, Худо оятҳояшро барои мардум баён менамояд, то онҳо тақво намоянд».84, 85

Аҳком ва одобе, ки бар асоси маҷмўаи фавқ бино ёфтаанд

Аз маҷмўи оятҳо ва аҳодисе, ки дар бораи рўзаи моҳи Рамазон нозил ва собит шудаанд, фақеҳони киром аҳком ва одоберо дар бораи рўза ва шахси рўзадор истинбот карданд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аҳком

  1. Гирифтани рўзаи моҳи Рамазон бар шахсе, ки ба синни таклиф расида бошад, фарз аст.
  2. Шахси бемор шаръан метавонад рўзаи моҳи Рамазонро бихўрад, хоҳ бемориаш пеш аз даромадани моҳи Рамазон ба вуҷуд омада бошад, хоҳ пас аз оғози рўза, вале пас аз барқарор гардидани саломатиаш бояд қазои онро ба ҷой оварад.
    Беморие, ки ба сабаби он хўрдани рўза барои шахс ҷоиз мегардад, он беморие аст, ки ба сабаби рўза доштан зиёд шавад ва ё дар шифоёбиаш таъхир афтад.
  3. Шахсе ҳангоми ҳулули моҳи Рамазон дар сафар бошад ва ё пас аз фаро расидани он ба сафар барояд, шаръан барояш иҷозат аст, ки рўзаро бихўрад ва пас аз бозгашт қазои онро ба ҷой оварад.
    Аммо дар бораи сафаре, ки хўрдани рўза ба сабаби он ҷоиз мегардад, дар миёни фақеҳони киром назароти гуногун вуҷуд дорад.

84 Сураи Бақара, 2: 187.
85 Ин қисматҳо аз мавзўи «Рўза дар партави оятҳои Қуръон» то ин ҷо аз тафсири ояти 183-187 сураи Бақара дар тафсири «Навини Қуръони карим», таълифи муаллиф иқтибос шудаанд.

пешина
аз 190
навбатӣ