Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Поёни вақти саҳарихўрӣ

Дар қисмати охири оят ба поён расидани вақти саҳарихўрӣ дар моҳи Рамазон муайян гардидааст. Дар ибтидои фарзияти рўза муайян сохтани поёни вақти саҳарихўрӣ барои баъзе мусалмонон мушкилотеро эҷод намуда буд. Барои осонтар сохтани саҳархезӣ ва саҳарихўрӣ дар шабҳои моҳи Рамазон Паёмбари акрам (с) ба
гуфтани ду азон дастур дод: Яке барои бедор сохтани
мардум ва дигаре барои муайян намудани дамидани
субҳ ва поёни вақти саҳарихўрӣ. Аммо ин ҳолат низ баъзе
мусалмононро ба саросемагӣ водошт. Онҳо бо шунидани азони якум дигар саҳарихўриро бас мекарданд. Паёмбар (с) ба онҳо гуфт, ки: «Бо шунидани азони Билол аз
саҳарихўрӣ даст накашед, зеро ў шаб (барои бедор сохтани хуфтагон) азон мегўяд ва вақте азони Ибни Уммимактумро шунидед, он гоҳ хўрдан ва нўшиданро бас намоед, зеро вай бо дамидани субҳ азон мегўяд».80
Қисмати охири ояти 187-ум ҳамин чизро барои мусалмонон равшан месозад, ки онҳо то дамидани субҳ ва
равшан шудани риштаи сафеди субҳ аз риштаи сиёҳи шаб
бихўранд ва бинўшанд ва ҳамин ки дамидани субҳ барои
онҳо маълум гашт, аз хўрдану нўшидан боз истанд. «Ва
то равшан шудани риштаи сафеди субҳ бароятон аз риштаи сиёҳ (-и шаб) бихўред ва бинўшед ва пас аз он рўзаро
то шаб (ва фурў рафтани офтоб) ба итмом расонед».81
Аҳёнан мусалмонони дигар қабилаҳои араб тобишҳои маъноӣ, таъбироти дақиқ ва корбурдҳои қуръониро хуб дарк намекарданд, зеро он аксаран бо лаҳҷаи Қурайш нозил мешуд ва ҳамаи мусалмонон ҳанўз захираи бои луғавӣ надоштанд.

80 Саҳеҳи Бухорӣ, 597, 1819, 6821; Саҳеҳи Муслим, 2531, 2532, 2533, 2536, 2539, 2540, 2541, 2542; Сунани Абўдовуд, 2346, 2347; Сунани Тирмизӣ, 203, 706; Сунани Ибни Моҷа, 1696; Сунани Куброи Байҳақӣ, 1831. – Ҷ. 2. – С. 122; Мусаннафи Абдурраззоқ, 1820. – Ҷ.1. – С. 191.
81 Сураи Бақара, 2: 187.

пешина
аз 190
навбатӣ