РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Иҷобати дуъо дар моҳи Рамазон
Пас аз баёни порае аз аҳкоми рўза Худованд ба сурати пурҷозиба ва такондиҳандае мавзўи дуъоро ба миён меоварад. Рамазон аслан моҳи қабули дуъоҳост ва зикри он дар ин ҷо бисёр муносиб мебошад ва аз гўшае аз эъҷози ҳидоят ва услуби бесобиқаи Қуръон дар эҷоди таҳаввули решаӣ дар шахсияти инсон парда бармедорад. Дар авҷи баёни аҳкоми ибодии фаризаи рўза Қуръон ба муолиҷаи паҳлўи дигаре аз ниёзҳои фитрии инсон мепардозад.
Инсон дар аъмоқи фитрати башарии худ ба нерўи бартари Худованд ниёз дорад ва ҳамон ниёзи фитрӣ ўро ба гуфтани хостаҳои инсонӣ ва арзи заъфҳои башарӣ дар пешгоҳи Худованд вомедорад. Қуръон дар ин оят ба ҳамин ниёзи фитрӣ ва падидаи равонии инсон посух медиҳад, он ҷо ки мефармояд: «Ва вақте бандагонам туро аз Ман бипурсанд, (бидонанд, ки) Ман (ба онҳо) наздик ҳастам, дуъо ва хостаи дуъокунандаро, вақте Маро бихонад, иҷобат менамоям. Пас (онҳо низ) Маро истиҷобат намоянд – бипазиранд ва ба Ман имон оваранд, то ҳам ба рушду савоб ва роҳи рост раҳнамун гарданд».74 Худованд бо як услуби зебо ва пур аз навозиш наздикии худро ба бандагонаш ва иҷобати дуъои онҳоро баён намудааст ва назари онҳоро ба таври ошкор ба яке аз бадеҳиёти ақлӣ ҷалб намудааст. Аз онҳо хостааст, ки дини Худоро бипазиранд ва ба Ў имон оваранд, то роҳи рост ёбанд ва қабули дуъои онҳо низ ба ҳамин чиз вобаста аст, яъне онҳо аввал ба аҳкоми дини Худо пойбандӣ нишон диҳанд ва ба Ў бо эътиқодоти дуруст имон оваранд, то Ў низ дуъояшонро иҷобат намояд.
Дуъо ва рўй овардани банда ба Худо бо арзи ниёзҳояш олитарин дараҷаи бедории замири худошинос, баландтарин камоли бандагӣ ва қуллаи розу муноҷот бо Парвардигор мебошад.
74 Сураи Бақара, 2: 186.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё